Пайвандҳои дастрасӣ

Дастоварди нави паҳлавонони тоҷик


Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ доир ба гуштии самбо дар шаҳри Бекободи Узбакистон соҳиби чаҳор медали тилло шуданд. Абдуқаҳҳор Қодиров, мураббии тими гуштигирони тоҷик бо эълони ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Фурқат Мирзоалиев дар рақобатҳо дар вазни то 48 кило, Қулдош Бойназаров дар вазни то 55 кило, Сайёд Шайхов дар вазни то 60 кило ва Фаридун Умедов дар вазни то 70 кило бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда, мақоми аввалро касб карданд.
Ҳамзамон варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушода барои дарёфти ҷоизаҳои ёдбуди Темурпаҳлавон ва Ҳомидпаҳлавон дар риштаи гуштии «кураш» дар вилояти Фарғонаи Узбакистон панҷ медал ба даст оварданд. Шавкат Зарифов дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило ва Толиб Ҳасанов дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медалҳои нуқра шуданд. Сӯҳроб Ёриев, Давлат Умаров ва Юлчӣ Тошмуродов дар рақобатҳо мувофиқи вазни худ мақоми севвумро ишғол карда, бо медалҳи биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ва ҳоло ба таваҷҷӯҳи мухлисони футбол. Даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ бо дидори пешсафи ҷадвали бозиҳо- «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ шурӯъ шуд. Ин бозӣ бо пирӯзии тими меҳмон - «Парвоз» бо натиҷаи 2 бар 1 хотима ёфт. Ба ин тартиб «Парвоз» бо 22 имтиёз аз 9 бозӣ дар мақоми аввал аст. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 16 имтиёз мақоми дуввум ва «Хима»-и Душанбе бо 14 имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунанд. Вале ҳарду се бозӣ камтар анҷом додаанд. Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари тими «Парвоз», ки 8 гол задааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад.
XS
SM
MD
LG