Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии нақши дин дар таҳкими сулҳ


Рӯзи панҷшанбеи 8 июн бо ширкати масъулин, донишмандон ва коршиносони умури мазҳабӣ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе як ҳамоиши байналмилалӣ бо номи «Нақши дин дар таҳкими сулҳ ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ» оғоз ба кор намуд. Гуфта мешавад тайии 15 соли охир ин бори аввал аст, ки Тоҷикистон мизбони як чунин ҳамоиши байналмилалӣ доир ба нақш ва ҷойгоҳи дин дар таҳкими сулҳ ва умури иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад. Ҳамоиши байналмилалии «Нақши дин дар таҳкими сулҳ ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ" бо ибтикори Кумитаи дин, Маркази исломии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи старатегии назди раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор мегардад ва мусоидати молии ин ҳамоиши ду рӯзаро барномаи ЮСАИД - Ожонси байналмилалии рушди Амрико ба ӯҳда дорад. Дар нишасти ёдшуда ба ҷуз ҳайъати ҷониби Туркманистон намояндагони дигар кишварҳои Осиёи марказӣ ба шумули Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG