Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни Озодӣ


CA Агар барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол ва натиҷаи бозии ниҳоиро дуруст пешгӯӣ кунед, аз мо ҷоиза хоҳед гирифт.

We'll support them all the way - Good or Improving
Long live Iran!!!
http://www.youtube.com/watch?v=Ph3nMRbR5zk

Greta,
Dortmund, Germany

--------------------------------------

Имкон дорад тими Ҷумҳурии Чек бар ҳамаи тимҳои дигар пируз шавад.
Ориё
---------------------------------------

Ба бовари ман тими Аржентин баранда хоҳад шуд,
Фаромарз
---------------------------------------

Салом.
Ғолиби Ҷоми ҷаҳонии имсола Бразилия хоҳад шуд.
Зиё
--------------------------------------

Модоме ки мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ дар Олмон мегузарад ва тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он гувоҳ аст, эҳтимол мунтахаби Олмон дар ватанаш барандаи ҷоми ҷаҳонӣ шавад.

Қисмат
---------------------------------------

Ман ба тими Эрон таваҷҷӯҳи хос доштам, аммо футболбозони эронӣ ба Мексика бо ҳисоби се бар як бой дода, умеди ман ва чандин мухлиси дигарро барбод доданд. Ба ҳар ҳол умед дорам, ки дар ду бозии боқимонда дастаи Эрон пирӯз хоҳад шуд. Кош мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои минбаъда ғолиб мешуду ба Ҷоми ҷаҳонии оянда роҳхат мегирифт...

Соҳибёри Толиб
---------------------------------------

Ман фикр мекунам, албатта, футболбозони Олмон барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ мешаванд.

Далери Артучӣ аз Олмон
---------------------------------------

Ман зодаи шаҳри Истаравшанам.Ман аз кӯдакӣ ба бозиҳои футбол хусусан ба Ҷоми ҷаҳонии футбол майлу рағбати зиёде дорам ва аз таҷрибаи хеш чунин пешгӯӣ мекунам,ки дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол Германия-Бразилия во мехӯранд ва натиҷаи бозӣ бошад 5-4 ба хотима мерасад.
Умедҷон Мақсудов
---------------------------------------

Салому алейкум ба мухлисони футбол!
Ростӣ, касоне ки футболро дӯст намедоранд, беҳтараш ҳар хел гап назананд. Мисли акаи Ашӯр Назарзода. Мебахшед, агар одмаон дар Тоҷикистон ягон масъала ё мушкиле дошта бошанд, футбол пеши роҳи онҳоро намегирад. Шумо ягон хел исбот ҳам карда наметавонед.
Илова ба ин ман гуфта будам, ки Ҳолланд дар финал бо Аргентина ё ин ки Англия бозӣ мекунад. Ман хато кардам, зеро имконият нест. Онҳо танҳо метавонанд, дар чоряк ё нимфинал бозӣ кунанд. Хулоса бо кадом тиме ки озӣ кунад, иншоаллоҳ, Ҳолланд чемпион мешавад.
Робенро фаромӯш накунед. ман гуфта будам, ки яке аз беҳтарин бозигарон хоҳад шуд. Агар касоне ки бозиро тамошо карда бошанд, медонанд (табассум).
Дар амони худо бошед.
Ҷовидон
-------------------------------------

Ман тарафдори тими Германия ҳастам ва ҳатман ин тим дар Ҷоми ҷаҳонӣ аввал мешавад. Ҳамин хел ки 1 ум бозида пируз шуд . Ҳамаи тимҳора 4 гол
камтар нахоҳад.
Тоҷиддин, мухлиси шумо
--------------------------------------

Арзи салом ба идораи радиои Озодӣ дар Прага.
Илми ғайб намедонам, аммо пеш аз бози аллакай ҳаматарафа натиҷаро ба солеҳи тими Брозилия мебинам. Зеро тими онҳо куллан бозингарони бомаҳоратанд ва дар рақобати фардӣ ва ҷамъӣ дастболо ҳастанд.
Ва ташаккур аз Шумо
ҶМ, 2006
--------------------------------------

Бо арзи салом ва хаста набошед хидмати тамоми алоқамандони футболи Ҷоми Ҷаҳонӣ 2006!
Ногуфта намонад, ки бозиҳои Ҷоми Ҷаҳониро намешавад пешбинӣ кард, чун баъзе аз тимҳо ҳастанд, ки дар воқеъ заъиф ҳастанд, аммо баъзан дида мешавад, ки инҳо пирӯз мешаванд. Ҳоло тимҳое, ки суъуд мекунанд, эҳтимолан, Бразил, Испониё, Оржонтин, Пуртуғол, Инглис, Итолиё ва Олмон аст. Агар бозикунони Бразил хуб кор кунанд ва талош кунанд (ба хусус Роналдо), баранда хоҳанд шуд. Аммо чун бозӣ дар Олмон мегузарад, эҳтимоли зиёд дода мешавад, ки Олмон баранда шавад. Чун Олмон бештар ташвиқ мешавад аз сӯи тарафдоронаш ва ташвиқ худаш боъиси пирӯзист. Олмон дар Ҷоми Ҷаҳонии гузашта шикаст хурда буд. Дар муқобили ҳар шикасте як пирӯзӣ вуҷуд дорад. Ман дӯст дорам ё Олмон ё Пуртуғол баранда шавад. Албатта, ногуфта намонад, ман ҳанӯз раъйи худамро надодаам. Ин як назария аст. Баъд аз чанд бозӣ назари худамро хоҳам навишт, ки кадом тим баранда хоҳад шуд. Умедворам, ки масъулони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ба фикри рушд ва пешрафти футболбозони тоҷик бошанд, то дар ояндаи на чандон дур онҳоро дар Ҷоми Ҷаҳониҳои баъдӣ бибинем. Муваффақ ва пирӯз бошен ҳамагӣ. Бо эҳтиром

Мирзоев Далер, аз Пуртуғол
-------------------------------------

То ҷое, ки торихи Ҷоми Ҷаҳонӣ нишон додааст, кишварҳои бузурге мисли Олмон ҳаргиз дар майдони худ набохтаанд. Биноан, ман умедворам, ки тими Олмон барандаи Ҷоми Ҷаҳонии футбол хоҳад шуд.

Мусофири Дур аз Ватан
------------------------------------

Ман низ мухлиси бозии футбол ҳастам ва пешгӯӣ мекунам, ки натиҷаи бозии ниҳоӣ 2-1 хоҳад шуд. Барандаи Ҷоми Ҷахонии футбол дастаи мунтахаби Олмон хоҳад шуд.

Фирдавс, Душанбе
------------------------------------

Салому алейкум. Ман яке аз мухлисони деринаи футбол мебошам. Ба фикри ман, ин дафъа Испониё комёбиро ба даст хоҳад овард.

Саидакобир
------------------------------------

Ман шефтаи бозии зебои футбол ҳастам. Тахминҳое, ки дар мавриди бартарии тими Бразил гуфта мешавад, ношӣ аз як воқеъиятест, ки онро наметавон нодида гирифт. Албатта, дар варзиш тасодуфҳое рух медиҳад, аммо дар ҳоли ҳозир касе бо бразилиҳо наметавонад рақобат бикунад, чун ин тим ҳам дар хатти муҳофизат, ҳам дар ҳуҷум ва ҳам дар хутути дигар тақрибан комилу пурра аст. Эҳтимоли пирӯзии дастаҳои дигар дар муқобили он баъид ба назар мерасад.

Меҳрдод, Исломобод
--------------------------------------

Дӯстон, тими миллии Ирон ҳам туҳфае нест! Барои онҳое, ки ҳаводори ин даста ҳастанд, пешкаши хубе дорам. Зери ин нишонӣ суруди Орашро бишнавед, ки ба тими миллии Ирон бахшида шудааст:
http://www.sarzaminsong.com/sarzaminmusic/persian/128KB/Arash%20-%20Crossfade/01_%20Iran%20Iran.mp3
Ин ҳам чанд акс аз дидор бо тими миллии Ирон дар Олмон: http://www.malchik.co.sr/
Бо умеди пирӯзии дастаи Ирон!

Диловар, шаҳри Мӯнстери Олмон
--------------------------------------

Ҳамватани азизам Ашӯр Назарзода,
воқеъан дуруст гуфтед, мушкилӣ бе ин ҳам зиёд аст. Вале радиои Озодӣ моро ба майдон даъват намекунад, то футболбозӣ кунем, аз мо танҳо ҳаминро мехоҳад, агар хоҳиш дорем, натиҷаи вохӯрии финалиро пешгӯӣ кунем. Тамом вассалом. Мавзӯъи интихобкардаи масъулини бахш, фикр мекунам, хеле бамаврид аст ва баҳсҳо бояд сари масъалаҳои гуногун сурат гиранд.

Мухлис...
---------------------------------------

Мухлисони ашадии футбол, салом!
Тахмин мезанам барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ мунтахаби Пуртугол мешавад. Ин даста, ки феълан бозигарони хубашро ҳанӯз ҳифз кардааст, дар вохӯрии ниҳоӣ бар дастаи рақиб бо натичаи 2 бар 1 дастболо хоҳад шуд. Умедворам.

Воқеан мухлис
-------------------------------------

Аз озмуни шумо пуштибонӣ намекунам, зеро ба ин монанд аст, ки мехоҳед таваҷҷӯҳи мардумро ба мавзӯҳои беҳуда ҷалб кунед. Ин ҳам дар он ҳоле ки мардуми Точикистон ҳазору як мушкил дорад ва на фурсат ӯро ҳасту на майл ба натиҷаҳои ҷоми футбол.

Ашӯр Назарзода
--------------------------------------

Ман мухлиси ашаддии футбол ҳастам ва рӯзе нест, ки дар бораи футбол баҳс накунам.Ман ҳаводори дастаи футболи Барселонаи Испания ҳастам, аммо дар Ҷоми ҷаҳонӣ ҷонибдори мунтахаби Ҳоланд мебошам. Ҳама дар бораи Бразилия сӯҳбат мекунанд, вале ман бовар дорам, ки дар бозии ниҳоӣ Ҳоланд бо Англия ва ё Аргентина рӯ ба рӯ мешавад. Имсол тамоми дастаҳое, ки ман ҳаводорашон ҳастам пирӯз шуданд: Барселона, Галатасарай ва иншоолоҳ Ҳоланд. Бовар дорам, ки Ҳоланд яке аз ин дастаҳоро(Англия ва ё Аргентина) бо ҳисоби 3 бар 1 ноком мекунад. Ба фикрам бозингарони беҳтарини Ҷоми ҷаҳонӣ Лайонел Мессӣ, Роналдинйо, Жерар, Робен хоҳанд буд.Ба фикрам дастаи мунтахаби Италия дар бозиҳои гурӯҳӣ мағлуб мешавад. Ҳозирам баҳс дар ин мавзӯъро идома диҳам. Унвонии ман :gareni@hotmail.com
Саломат бошед!

Ҷовидон
------------------------------------

Ба қавли бародар Мурод кош дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба финал роҳ меёфт, вале муҳим ин аст, ки умедвор бошем. Ба фикрам, барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ дастаи бразилӣ мешавад ва ҳисоби бозии ниҳоӣ 2 бар 1 хоҳад шуд.

Юсуфи Қубодиёнӣ
-------------------------------------

Барандаи Ҷоми футбол умед дорем, ки Италия мешавад. Онҳо бо Фаронса ба майдон баромада, онҳоро бо ҳисоби 1:0 ё 2:1 мағлуб хоҳанд кард

Хуршед
--------------------------------------

Ба фикри банда, барандаи Ҷоми ҷаҳон Бразилия хоҳад шуд. Дар бозии ниҳоӣ ин тим бо рақиби худ бо ҳисоби 2 бар 1 ғалаба хоҳад кард.

Маҳмадраҳим.
--------------------------------------

Ин навбат дар бозиҳои ҷаҳонӣ боз мисли пештара Бразилия ғалаба ба даст меорад. Дар бозии ниҳоии ҷахонӣ Бразилия бо дастаи мунтахаби Германия ба майдон баромада, немисҳоро 2 бар 0 бурд мекунад.

Алӣ
--------------------------------------

Ман мухлиси дастаи футболбозони Олмон мебошам ва бовар дорам, ки он барандаи Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол мешавад.
Бо эҳтиром

Зиёдулло.
--------------------------------------

Ба назари ман, Олмон ки дар "хонаи худ" бозӣ мекунад, бо мададаи дару девори ватан баранда мешавад. Он дар бозии ниҳоӣ Фаронса ё Бразилро бо шумори 1бар 0 шикаст хоҳад дод.

Мӯҳсин Ҷаббориён
---------------------------------------

Барандаи Ҷоми ҷаҳони футбол, бе шубҳа, Бразилия мебошад.
Натиҷаи бозии ниҳоӣ 2-0 мешавад.

Ашраф
-------------------------------------

Пешгӯӣ мекардам, ба шарте ки дар он тими миллии футболи Тоҷикистон низ иштирок мекард. Он вакт хазинаи ҷоиза аз ман ва худи ҷоиза ба футболбозон такдим мешуд.

Мурод Футболбоз!
XS
SM
MD
LG