Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Армрестлингчиёни қавии Осиё ба Душанбе меоянд


Панҷумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.Дар ин бора Муҳаммад Аъзамов, раиси Федератсиюни армспорти Осиё дар як нишасти матбуотӣ, ки рӯзи чоршанбеи 7 июн дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ дод

Муҳаммад Аъзамов афзуд, солҳои охир дар Тоҷикистон кори тарғибу ташвиқ барои рушди армрестлинг роҳ афтодааст ва бояд гуфт, ки Федератсиюни армспорти кишвар дар ин самт комёбиҳо ба даст овардааст. Варзишгарони тоҷик барандаи ҷоизаҳои мусобиқоти байналмилалӣ ва қитъавӣ гаштаанд. Бинобар ин,Тоҷикистон маҳали баргузории панҷумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё интихоб шудааст. Ба гуфтаи раҳбари Федератсиюни армспорти Осиё дар мусобиқоти Душанбе ширкати ҳудуди 400 варзишгар аз 16 кишвари қора, минҷумла Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷопон, Ҳиндустон, Эрон ва ғайра дар назар аст. Ҷаноби Аъзамов иброз дошт, ки панҷоҳ дар сади хароҷоти баргузории ин мусобиқот аз ҳисоби маблағи Федератсиюни армспорти Осиё пардохт мешавад ва нисфи дигари хароҷот ба зиммаи мизбонон ва сарпарастон вогузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол Нодир Дареғӣ, раиси Федератсиюни армспорти Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки сарпарасти ин мусобиқот - Ширкати мухобиротии «Вавилон» барои омода сохтани ҳудуди 250 медал ва хариди васоили техникӣ панҷ ҳазор доллар ихтисос додааст. Вай ҳамчунин гуфт дар ин мусобиқот ширкати ҳудуди панҷоҳ варзишгари тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон мардону занон, наврасон, собиқадорони синнашон аз чиҳил боло ва варзишгарони маълул дохиланд, ки миёни онҳо қаҳрамонҳои армрестлинги ин кишвар ва барандагони мусобиқоти байналмилалӣ Амришер Собиров, Сироҷ Азизов, Акмал Қодиров ва Гуландом Халилова ҳастанд.
Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки ин кумита барои баргузории мусобиқоти мазкур ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.
Мусобиқоти қаҳрамонии армрестлинги Осиё дар толори Сирки давлатии шаҳри Душанбе аз 16 то 21 августи соли равон доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG