Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон пешниҳодҳои байнулмилалиро гоми мусбат номид


Алии Лориҷонӣ, музокиракунандаи аршади Эрон дар баҳси ҳаставӣ пас аз дидор бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳавийер Солана, ки ин бастаи пешниҳодҳоро ба Теҳрон овардааст гуфт, пешниҳодҳои байнулмилалӣ ба Эрон гомҳои мусбат доранд, вале бархе норӯшаниҳо низ, ки бояд лағв шаванд. Маҷмӯъи пешниҳодҳо ҳафтаи гузашта аз тарафи панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ -- Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса, Чин бар иловаи Олмон ба тасвиб расида, ҷузъиёти онҳо маълум нест. Солана пас аз мулоқот бо Лориҷонӣ чунин гуфт: "Ман бисёр умедворам, ки мо ба зудӣ посух хоҳем гирифт ва мо бисёр мехоҳем, ҳамкориро давом диҳему бинем, ки оё як созиши хубу барои ҳамаи тарафҳо муфиде ба даст хоҳем овард."
Солана танҳо барои расондани ин пешниҳодҳо ба Теҳрон сафар кард ва салоҳияти гуфтушунидро бо мақомоти Эронӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар як нишасти хабарӣ дар Олмон имрӯз гуфт: "Мавзӯъ ин нест, ки Эрон набояд аз имкони тавлиди нирӯи ҳастаӣ маҳрум бошад. Мавзӯъ бозгашт ба шаффофият дар додани иттилоъ ва риояти қоидаҳои Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаист.
Хонуми Меркел изҳори умедворӣ кард, ки вокуниши Эрон мусбат бошад ва фаҳмида шавад, ки ҳалли дипломатии масъала ба манфиати байнулмилалист.
Иёлоти Муттаҳида ва шарикони он гумон доранд, Эрон дар пайи дастёфт ба силоҳи ҳаставист, вале Эрон мегӯяд, танҳо аҳоди осоиштаро думбол мекунад. Эрон ҳамчунин таҳдид кардааст, ки дар ҳолати ҳамлаи Амрико ба иншооти ҳаставияш, убури киштиҳои нафткашро аз Халиҷи Форс манъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG