Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

06.06.06 -- Рамзи иблис ва ё рӯзи тарсу даҳшат?


Дӯстдорони филмҳои даҳшат, пайравони мазҳабҳои ғайримаъмул ва бархе аз гурӯҳҳои масеҳӣ ба ин рӯз диққати махсус медиҳанд. Ва агар шумо ҳам гаҳ-гоҳе тарсидану тарсонданро дӯст медоред, ин беҳтарин шанси шумо дар ҳазор соли охир аст.
Махсус дар ин рӯз Ҳолливуд нахустнамоиши филми "Фолбинии толеъ"-ро баргузор мекунад, ки аввалин бор дар соли 1976 рӯйи навор омада буд. Ин филм дар бораи Иблис аст, ки дар симои як кӯдак дар як хонаводаи зоҳиран муваффақ ба сар мебарад.
Адади 666 ҳамчун рамзи ҳайвон ё ҷонвар, ки ишора ба шайтон аст, дар яке аз китобҳои муқаддаси масеҳиён зикр ёфтааст.
Аммо устоди фиқҳ дар Кинг Коллеҷи Донишгоҳи Лондон, Лутс Дӯринг ин ақидаро рад мекунад. Вай мегӯяд, сартосари китоби Вайҳ пур аз рамз аст ва масеҳиёни ибтидоӣ бо чунин символизм ба сар мебурданд ва рамзҳоро ба воқеъияти рӯз интиқол намедоданд. Доктор Дӯринг ин рамзҳоро оқибати азиятҳои кашидаи масеҳиён медонад, на ишора ба қиёмате дар имрӯз ё оянда. Бархе аз таърихшиносони дигар мегӯянд, адади 666 як ишораи мармуз ба императори Рум Неро ва ё Нерон аст, ки масеҳиёни ибтидоиро қатли ом мекард.
Бо вуҷуди ин эҳтиёт аз ин адад дар ҷаҳони Ғарб зиёд мушоҳида мешавад. Чунончи ширкатҳо моле тавлид намекунанд, ки рӯйи он чунин адад сабт шавад. Ва хонаҳои шумораи 666 бо душвории зиёд ба фурӯш мераванд.
Дар шаби 6-уми моҳи 6-и соли 2006 бархе аз пайравони масеҳият тамоми шаб ба ниёиш менишинанд, то ба гуфтаи худи онҳо аз омадани иблис бехабар намонанд ва нагузоранд, шайтон ба аҳли ҷамоаи онҳо зиён расонад.
XS
SM
MD
LG