Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорони бо марз


Ҳамла ба посгоҳҳои марзӣ, ҳалокати марзбонон ва одамони бегуноҳ, аммо хабарнигорон имкони инро надоштанд, ки бо шоҳидони ҳодиса гуфтугӯ кунанд. Хабар танҳо аз тарафи мақомоти расмӣ ва он ҳам чӣ қадару чигунае ки онҳо хоста бошанд, берун меомад. Расонаҳои Тоҷикистон дар чунин вазъ натавонистанд, мардумро аз ҷузъиёти ҳодиса ба таври дақиқ ва рӯшан дар ҷараён бигузоранд.
Тақрибан айни ҳолат бо расонаҳои Қирғизистони ҳамсоя ба амал омад. Онҳо дар бораи дастикам рӯйдодҳои он сӯи марзи кишвари худ, яъне Тоҷикистон фақат ҳамин қадар иттилоъ доштанд, ки мақомоти расмӣ зарур диданд.
Аз журналисти радиои Озодӣ Брюс Паннир, ки дар рӯзҳои ҳодиса дар Қирғизистон буд ва ду рӯз баъди ҳодиса ба Тоҷикистон сафар кард мепурсам, табодули иттилоъ дар ду сӯи марз дар он рӯзҳо чигуна буд, манзурам дар байни расонаҳои хабарӣ ва журналистони Тоҷикистону Қирғизистон?

"Мушкил аст, ки иттилоъ аз як тарафи марз ба тарафи дигар гузарад. Дафъатан баъд аз ҳамла ман аз Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар доштам ва одамон, ҳатто журналистон башавқ мепурсиданд, ки дар он сӯ чӣ мегузарад ва расонаҳои Қирғизистон чӣ мегӯянд. Ба фикрам, журналистон дар ҳарду самти марз бисёр мехоҳанд, табодули иттилоъ кунанд, вале барои ин шароити мусоъид вуҷуд надорад. Ҳол он ки гап аз фосилае баробар ба даҳ километр меравад, панҷ аз ин сӯи марз ва панҷ ҳам аз он сӯ. Робитаи телефонии мустақим нест ва занги телефон ба қимати гуфтугӯи байнулмилалист, табодули нашрияҳо имконнопазир аст, намоишҳои телевизионӣ ва радиоӣ асосан маҳдуд ба маҳалҳои муайян мебошанд. Ягон илоҷе нест, ба ҷуз ин ки як кас сари ин теппа барояд ва каси дигар дар он сӯи марз сари он теппа ва бо фарёд задан ба ҳамдигар маълумоте диҳанд. Ин беҳтар аз телефон кардан аст. Аммо мушкил ин нест, ки касе намехоста бошад, балки зербинои муносибе барои эҷоди робитаҳои устувор вуҷуд надорад."

Созмонҳои байнулмилал, масалан, Барномаи рушди СММ ё UNDP, барои бошандагони маҳалҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон маъракаҳои муштараки фарҳангӣ баргузор мекунад, ки бештар як зоҳирбозӣ ҳастанд.
Оё беҳтар нест, онҳо ин мушкил, яъне мушкили густариши иттилоъи дурусту дақиқро дар водии Фарғона, миёни мардуми се кишвар ба роҳ монанд?

"Ман намехоҳам, бигӯям, ки инаш аз онаш муҳимтар аст. Амалан, ҳарду ҳам муҳиманд. Ва танҳо барои водии Фарғона, балки барои ҳама ҷо. Шумо касеро ба осонӣ бад хоҳед дид, ки амалан намешиносед. Гоҳе ҳукуматҳо чунин симои хасмонаи ҳамсоягони худро месозанд, ки ба манфиаташон бошад. Ва дар ин ҷо иттилоъи ростин боаҳамият мешавад, то мардум худ битавонад, иттилоъи расмию давлатиро маврди озмойиш қарор диҳад. Вақте иттилоъ фақат аз манбаи давлатӣ нашр мешавад, агар ҳатто шумо ба он зиёд бовар надошта бошед ҳам, ин ягона чизест, ки ақидаи шумо бар пояи он сохта хоҳад шуд. Мардум дар ҳамаи бахшҳои Осиёи Марказӣ бархе аз мушкилоти ҳамсон доранд ва вақте аз ҳаёти ҳамдигар ин воқеъиятҳоро мешунаванд, як ҳисси ҳамдардӣ пайдо мешавад. Вақте одамонро шинохтед ва мушкили онҳоро донистед, фаҳмидани мантиқи амали онҳо осонтар мешавад ва ин тафоҳум имкон медиҳад, алоқае ба миён ояд, ки равобити дарозмуддатро осон кунад."

Ташаккур аз Брюс Паннир журналисти Бахши марказии хабар дар радиои Озодӣ, ки ба тозагӣ аз сафари Тоҷикистону Қирғизистон баргаштааст.
XS
SM
MD
LG