Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Килки тилои журналисти эронӣ Акбари Ганҷӣ


Гулнози Исфандиёрӣ Наздик ба 1700 сардабири нашрияҳо, ноширон ва дигар саромадони матбуот аз 100 кишвари ҷаҳон дар Маскав дар кунгураи Конуни ҷаҳонии рӯзномаҳо ширкат карданд.

Яке аз рӯйдодҳои таърихии ин нишаст тақдими баландтарин ҷоизаи ин конун бо номи Килки тилои Озодӣ ба Акбари Ганҷӣ, журналисти саршиноси Эрон буд. Ганҷӣ ки дар жанри таҳқиқоти журналистӣ шӯҳрат ёфтааст, гуфт, ин ҷоизаи онҳоест, ки дар соли 1998 ба таври занҷираӣ кушта шуданд ва то ҳоло омилону фармоишгарони ин куштор фош нашудаанд. Мақомоти расмии ҷумҳурии исломӣ афроди саркаши вазоратҳои қудратиро масъули ин қатлҳо номиданд, вале Ганҷӣ дар мақолаи худ натиҷагирӣ кард, ки мансабдорони баландпояи Эрон дар ин қатлҳо даст доштаанд. Ба монанди президенти собиқ Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки ҳоло ҳам мақоми баланди расмӣ дорад ва собиқ вазири хадамоти махфӣ Алии Фаллоҳиён. Дар сухани худ аз минбари кунгунари маскав Ганҷӣ ин ҷоизаро ҳамчунин ба маҳбусони сиёсие бахшид, ки дар маҳбасҳои Эрон дар охири солҳои ҳаштодум кушта шудаанд. Акбари Ганҷӣ дуюмин журналисти Эрон аст, ки ба ҷоизаи баланд сазовор шудааст. Дар соли 1999 Килки тилои Озодӣ ба Фараҷи Саркӯҳӣ, сардабири маҷаллаи "Одина" тақдим гашт, ки низ ҳадафи таъқиб ва зулми ҳукуматдорони ҷумҳурии исломӣ қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG