Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмуди Аҳмадинажод: "Моро аз ҳаққи худ маҳрум нахоҳанд кард"


Раиси ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи ҷумъа гуфт, кишварҳои ғарбӣ Иронро аз ҳаққи доштани фанновариҳои атомӣ маҳрум нахоҳанд кард. Ин баёнияи Маҳмуди Аҳмадинажод баъди он садо дод, ки панҷ кишвари узви доимии шӯрои амнияти Созмони Милал бар изофаи Олмон, имтиёзоти наверо барои Ирон таҳия кардаанд. Ин кишварҳо дар иваз мехоҳанд, ки Ирон фаъолиятҳои ғанисозии уранро қатъ кунад. Аммо Том Кейсӣ сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ҳанӯз барвақт аст, ки баёнияи Маҳмуди Аҳмадинажодро посухи расмии Ирон ба пешниҳодҳои нав арзёбӣ кард: "Ба андешаи ман, пеш аз он ки мо ин гуфтаро ҳамчун як вокуниши баррасӣ кунем, имтиёзотҳои пешниҳодӣ бояд ба Ирон ироа шавад. Вале такрор мекунам, агар Ирон роҳи ҳамкориро пеш гирад, агар Ирон фаъолиятҳои ғанисозии уранро муттавақиф кунад, ба музокирот баргардад ва самимӣ гуфтугу кунад, он гоҳ ин чиз ба манфиати на танҳо тамоми ҷомеаи байналмилалӣ, балки барои Ирон ва ҳамчунин мардуми Ирон хоҳад буд."
Пештар аз ин Кондолиза Райс вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Иронро мебояд ҳарчӣ зудтар ба пешниҳодоти нави қудратҳои ҷаҳонӣ посух бидиҳад, дар акси ҳол гирифтори таҳримоти Созмони Милал хоҳад шуд. Кишварҳои ғарбӣ шубҳа доранд, ки барномаҳои ҳастаии Ирон танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст ва мегӯянд, ки Ирон мехоҳад таҳти пӯшиши ин барномаҳо силоҳи атомӣ бисозад. Иддаое, ки Ирон онро пайваста рад мекунад.
XS
SM
MD
LG