Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро Русия аз бонкҳои омрикоӣ метарсад?


Сергей: Бояд ин нуктаро рушан кард, ки Русия комилан мухолифи ҳузури бонкҳои хориҷӣ дар қаламрави худ нест. Сарфи назар аз ин ки он бонк омрикоӣ бошад ё урупоию жопунӣ. Вале Русия мухолифи яке аз ду навъи ҳузури онҳо дар хоки худ аст. Дар таҷрубаи байнулмилалии бонкдорӣ ду навъи ҳузури бонкҳои хориҷӣ вуҷуд дорад. Бонкҳои хориҷӣ дар ин ё он кишвар метавонанд ё ба унвони як ширкати фаръӣ боз шаванд ё ба унвони як шуъбаи он. Аз нигоҳи аввал, тафовути байни ин ду шакли ҳузури бонкҳои хориҷӣ мушоҳида намешавад, аммо дар воқеъ, тафовути миёни онҳо усулист. Зеро агар бонки хориҷӣ ба унвони як ширкати фаръӣ (дочерний) дар кишваре дигар боз шавад, ин ба маънои пайдоиши боз як бонки тамомъайёр дар хоки он кишвар, ки аз муқаррароти кишвари мизбон табаъият мекунад. Вале агар суҳбат аз гушоиши шуъбаи як бонки хориҷӣ дар кишвар аст, ин шуъба тобеъи муқаррароти бонкдории кишвари худ мемонад. Аз ин рӯ бояд таъкид кард, ки Русия мухолифи ҳузури бонкҳои хориҷӣ, аз ҷумла омрикоӣ ва урупоӣ дар хоки худ нест, онҳо муддатҳост, ки он ҷо ҳузур доранд. Балки Русия мухолифи ҳузури бонкҳои омрикоӣ дар шакли шуъбаҳои он бонкҳост.

Дориюш: Вале фикр намекунед, ки омили умда рақобат бошад? Зеро медонем, ки бонкҳои заъифи Русия қодир нестанд бо бонкҳои қавии Омрико рақобат кунанд.

Сергей: Ин омил ҳам нақш дорад ва чи нақше! Зеро як бонки ғарбӣ метавонад бо боз кардани шуъба дар як кишвари дигар дар сурати зарурат маболиғи калонеро ба ин шуъба мунтақил кунад. Ва ҳамин тур баръакс, метавонад тайи муддате кӯтоҳ он маболиғро аз шуъбаи худ дар он кишвар берун бикашад. Саҳҳомҳои як бонки қавии ҷаҳон, ба монанди Митсубиси UFG-и жопунӣ ё Ситибанки Омрико, бо саҳҳомҳои ҳамаи бонкҳои Русия тақрибан ҳамсанг аст. Ҳоло тасаввур кунед, ки як чунин бонке дар Русия шуъбаи худро боз бикунад, чи хоҳад шуд. Бонке, ки дар муқоиса бо бонкҳои Русия манобеъи молии номаҳдуде дорад. Мусалламан, дар ин рақобат бонки меҳмон бар бонкҳои мизбон дасти боло хоҳад дошт.

Дориюш: Ҳоло биёед ин мавзӯъро аз зовияе дигар бибинем. Оё дар Омрико шуъбаҳои бонкҳои Русия вуҷуд дорад?

Сергей: Инсофан бояд бигӯям, ман намедонам, ки оё бонкҳои Русия дар Омрико шуъба доранд ё на. Аммо системи бонкдории Омрико ифтитоҳи шуъбаи бонкҳои хориҷӣ дар хоки худро мустақиман манъ накардааст. Ҳамин ҳолат дар Урупо ҳам ҳаст. Ҳам урупоиҳо ва ҳам омрикоиҳо метавонанд дар кишварҳои якдигар шуъбаҳои бонкҳои худро ифтитоҳ кунанд. Баргардем ба Русия. Ҳич қонуне дар мавриди мамнӯъияти таъсиси шуъбаҳои бонкҳо дар хоки Русия вуҷуд надорад. Вале бино ба Қонуни Бонки Марказии Русия, ин бонк метавонад чунин мамнӯъиятеро эъмол кунад ва ин корест, ки Бонки Марказии Русия алайҳи гушоиши шуъбаҳои бонкҳои омрикоӣ эъмол кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG