Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди фаъолияти Дафтари Созмони милал барои таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон


Шӯрои амнияти СММ, фаъолияти Дафтари Созмони милал барои таҳкими сулҳ дар Тоҷикистонро (UNTOP) барои як соли дигар тамдид кардааст. Фолкер Якоби, афсари масоили сиёсии Дафтари СММ барои таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон гуфт, тамдиди фаъолияти дафтари СММ барои таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон бо дархости ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифт:
«Ҳукумати Тоҷикистон аз Шӯрои амнияти СММ дархост кардааст, ки фаъолияти дафтари таҳкими сулҳи ин созмон дар Тоҷикистон барои як соли дигар идома дода шавад. Ҳамчунин мо тасмим дорем, барои пуштибонӣ аз бахшҳои мухталифи ҷомеаи ин кишвар дар ду самт фаоълияти худро идома диҳем. Аввалан барномаҳое, ки ба интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон робита доранд. Дар ҷараёни амалишавии ин барномаҳо дафтари СММ барои таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсоз дар сатҳи сиёсӣ фаъолият хоҳад кард. Дуввум, мо муколамаи миллӣ ва ё маҳфили мубоҳисоти сиёсии худро идома доданием ва дар ҷараёни он дар бештарин манотиқи Тоҷикистон намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоби сиёсиро сари як мизи гуфтугӯи ошкоро ҷамъ хоҳем кард.»

Оқои Фолкер гуфт, мутмаин нест, ки идомаи фаъолияти созмон барои як соли дигар маҳз ба интихоботи раиси ҷумҳур бастагӣ дорад, вале дар баргузории ин интихобот дафтари СММ барои таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон нақши муҳим дошта метавонад. Ӯ гуфт, феълан, ҳамоише бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ, кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва аҳзоби сиёсии кишвар баргузор кардаанд.
Дафтари СММ оид ба таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон баъд аз анҷоми рисолати нозирони ин созмон бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2000 ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG