Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Узбакистон ба ҷурми ҷосусӣ зиндонӣ шуд


DR

Додгоҳе дар вилояти Суғди Тоҷикистон як шаҳрванди Узбакистонро бо номи Иброҳим Юлдошев ба ҷурми ҷосусӣ барои 13 сол равонаи зиндон кардааст. Фатҳиддин Зуҳуров, як дастёри додситони вилоят, дар суҳбате бо хабаргузории "Авесто" гуфтааст, ки Иброҳим Юлдошев мутаваллиди Тоҷикистон будааст. Вай гуфт, оқои Юлдошев моҳи декабри соли 2005 ба ҳангоми вуруди ғайриқонунӣ ба кишвар боздошт шуд. Хабаргузории "Авесто" гузориш медиҳад, ки Абдулҷалол Қодиров, як табаъаи дигари Узбакистон, дар додгоҳи вилояти Суғд бо иттиҳомоти мушобеҳе муҳокима мешавад. Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, эҳтимол дорад оқои Қодиров ба 12 то 20 сол зиндон маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG