Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикасти шоҳмотбозони тоҷик дар Турин


МАРДҲО: Дастаи мардонаи Тоҷикистон аз тими Гватемала бо натиҷаи 1,5 бар 2,5 мағлуб гашт. Дар ин дидор Фаррух Амонатов бар ҳарифаш Карлос Армандо ғолиб омад. Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев бозиро бо Марко Александр мусовӣ анҷом дод. Вале Ҷамшед Исоев ва Илҳом Юнусов бозиро ба ҳарифони худ бохтанд.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии даҳ даври мусобиқот тими мардонаи Тоҷикистон, ки 3 ғалаба, 2 мусовӣ ва 5 бохт дорад, бо 19 имтиёз дар байни 150 дастаи ширкаткунандаи Олимпиада дар мақоми 90-ум қарор гирифтааст.

Дастаи мардонаи Арманистон бо 29 имтиёз дар мақоми аввал, тими Чин бо 27 имтиёз дар мақоми дуввум ва дастаи Русия бо 26,5 имтиёз дар мақоми севвум мебошанд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар байни дастаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо аз тими Афғонистон пеш аст : ҷойи 30-ум Узбакистон (25 имтиёз), 62-ум Туркманистон (21), 72-ум Қазоқистон (20,5), 82-ум Қирғизистон (19,5), 90-ум Тоҷикистон (19), 117-ум Афғонистон (17).

ЗАНҲО: Тими занонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар даври даҳум аз Италия-А бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд. Надежда Антонова бар ҳарифи худ Элеонора Амброси дастболо шуд. Вале Елена Нуриддинова ва Шаҳноза Умарова мағлуб гаштанд.

Тими занонаи Тоҷикистон, ки панҷ дастаро шикаст дода, аз панҷтоаш мағлуб шудааст, бо 14 имтиёз дар байни 108 даста дар ҷойи 71-ум мебошад.

Дар сабқати занони шатранҷбоз тими Украина бо 23 имтиёз дар мақоми аввал, дастаи Русия бо 22,5 имтиёз дар мақоми дуввум ва тими Чин бо 20,5 имтиёз дар мақоми севвум қарор гирифтаанд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон низ миёни тимҳои бонувони минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо аз тими Афғонистон, ки ҳамагӣ як бозӣ анҷом додааст, пеш аст: ҷойи 33-ум Қазоқистон (16,5 имтиёз), 48-ум Туркманистон (15), 53-ум Қирғизистон (15), 60-ум Узбакистон (14,5), 71-ум Тоҷикистон (14), 104-ум Афғонистон (0).

Дар даври ёздаҳуми мусобиқот тими мардонаи Тоҷикистон бо дастаи Лубнон ва тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Австралия рақобат мекунанд. Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот то 4 июн идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG