Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар интизори сокини ҳафтум миллионаи худ


Бино ба иттилои кумитаи омори Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли равон дар кишвар дуввуним дарсад рушди аҳолӣ мушоҳида шудааст ва интизор меравад, то моҳи сентябри имсол нуфуси Тоҷикистон марзи 7 миллион нафарро убур намояд. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли пеш барномаи давлатии танзими оила ба манзури ҷилавгирӣ аз рушди бенизом ва номатлуби нуфус таҳия шуд ва мавриди амал қарор дорад. Елена Кислитсина, сардори Раёсати нуфуси аҳолии Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, бештарин суръати рушти аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи марказ мушоҳида мешавад. Бино бар қавли хонум Кислитсина, камтарин сатҳи рушди аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва ба дунболи он дар Суғд ва Бадахшон ба назар мерасад.
Ба назари таҳлилгарон, иллати ин номутаносибии афзоиши аҳолӣ аз як ҷиҳат рушди номуназзами муносиботи иҷтимоӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва аз ҷониби дигар, ба дурусти амалӣ нашудани барномаи танзими хонавода мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Татяна Бозрикова, мушовири собиқи раиси ҷумҳур дар умури иҷтимоӣ ва сарвари созмони ғайридавлатии «Панорама» мегӯяд, ҳамеша ду навъи бардошт аз мафҳуми нуфус дар омор вуҷуд доштааст. Яке нуфузи расмӣ ва доимӣ, дигаре нуфузи воқеӣ. Ва ин нуфуси расмӣ аст, ки гуфта мешавад, то 7 миллион хоҳад расид. Ӯ мегӯяд, бар асари пурсишҳои ҷомеашиносӣ маълум мешавад, ки хонаводаҳо феълан доштани фарзанди камтарро тарҷеҳ медиҳанд. Ва дар маҷмӯъ, коҳиши таваллуд тайи чанд соли охир мушоҳида шудааст. Аммо боз ҳам бояд гуфт, ки рушди бо суръати аҳолӣ ҳамчунон идома дорад.
XS
SM
MD
LG