Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои бузург Иронро ташвиқ мекунанд


Панҷ кишвари узви доимии Шурои Амнияти Созмони Милали муттаҳид ва Олмон пешниҳод карданд, ки агар Ирон ғанисозии урониюмро қатъ кунад, таҳримҳои Шурои Амният бар зидди Ирон ба таъхир андохта хоҳад шуд. Хонум Маргарет Беккет-вазири хориҷаи Бритонё баъд аз мулоқоти Вена дар бораи барномаҳом ҳастаии Ирон ба рузноманигорон чунин гуфт:


"Дар пеш ду роҳ вуҷуд дорад.Мо аз Ирон дархост мекунем, ки роҳи хубро пеш гирад ва пешниҳодҳои моро ба таври ҷиддӣ биомузад. Ин пешниҳодҳо ба суди Ирон аст".


Вазири хориҷаи Бритонё афзуд, гуруҳи кишварҳои аврупоӣ барои аз сар гирифтани музокирот омода мешаванд. Дар ин музокирот Ирон бояд бигуяд, ки оё ба дархостҳои маҳофили байналмилалӣ гуш хоҳад дод ва ба қатъи фаъолиятҳои марбут ба ғанисозии урониюм розӣ хоҳад шуд ё хайр. Маргарет Беккет гуфт, агар Ирон ба ин кор розӣ шавад, Шурои амният бар зидди Ирон таҳрим ҷорӣ намекунад. Аммо қабл аз ин изҳорот Манучеҳри Муттакӣ-вазири хориҷаи Ирон гуфт, Ирон аз ҳақи худ, яъне аз барномаҳои сулҳомези тавлиди нируи ҳастаӣ даст нахоҳад кашид:

"Дар мавриди ҳуқуқи қонунӣ ва мусаллами худамон ҳам гуфтугу намекунем, он чӣ ки ҳақи ҷумҳурии исломӣ, ҳақи миллати Ирон баромада аз муъоҳидоти байналмилалист, ки мо узви ин муъоҳидот ҳастем, музокира намекунем,аммо омодагӣ дорем дар мавриди дағ-дағаҳои муштарак гуфтугу кунем"


Ду рузи пеш Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш омода аст, шартан ба музокироти кишварҳои аврупоӣ бо Ирон бипайвандад.
XS
SM
MD
LG