Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи Ҷ. Буш дар бораи ифшои куштори Ҳадиса


Дируз Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико қавл дод, ки агар расидагӣ ба гузоришҳо дар бораи куштори 24 сокини Ҳадисаи Ироқ ба поён расад, натиҷаҳои онро эълон хоҳанд кард. Бино ба гузоришҳо, моҳи ноябри соли гузашта нируҳои дарёии Амрико дар ин шаҳрак 24 нафарро тирборон кардаанд. Буш афзуд, агар низомиён ба ин табаҳкорӣ роҳ дода бошанд, ба муҷозот кашонда мешаванд:

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмими гирифтааст, ки аз роҳҳои зарурӣ ба чунин масъалаҳо ошкоро расидагӣ кунад ва мушкилотро рафъ созад".


Ду гуруҳи низомиёни Амрико ба ин ҳодиса расидагӣ мекунанд. 19-уми ноябри соли гузашта дар шаҳраки Ҳадиса дар натиҷаи ҳамлаи бамгузоре як низомии Амрико кушта шуд. Бино ба гузоришҳо, баъд аз ин ҳодиса 24 нафар аҳолии Ҳадиса, аз ҷумла занону кудакон тирборон шудаанд. Ҳукумати Ироқ ба таври алоҳида ва мустақил ба ин ҳодиса расидагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG