Пайвандҳои дастрасӣ

10 мушкили журналистони Тоҷикистон


Cайёфи Мизроб Рӯзи панҷшанбеи 1 июн дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси созмони «Интернюс - Тоҷикистон» ва бо ширкати сардабирон ва муассисони расонаҳои итттилоотии Тоҷикистон як мизи гирд дар мавзӯъи «Мушкили журналистикаи тоҷик ва роҳҳои раҳоӣ аз он» баргузор гардид.

Баҳодур Қосимов, раиси «Интернюс - Тоҷикистон» мегӯяд, ҳадаф аз баргузории мизи гирд рӯи кор овардани як китоби мукаммал роҷеъ ба мушкили журналистикаи муосири тоҷик ва мавриди баррасӣ қарор додани ҳамин мушкилот аст: «Тасмим гирифтем, ки бо роҳбарони расонаҳои хабарӣ, ё ин ки бо аҳли амал силсилаи чунин мизи гирдҳоро гузаронем ва масъалаҳои мубрами соҳаи худро матраҳ ва баррасӣ кунем »

Рустам Ҳайдаров, роҳбари намояндагии Бунёди «Фридрих Эберт»-и Олмон дар Тоҷикистон ва сарпарасти молии ин нишаст дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт,
«Маҷмӯъаи баҳсро барои он чоп мекунем, ки сари ин масъала андеша кунанд ва мақомот ва ё роҳбарият ва ё дастандаркорон сари ҳалли ин қазия фикр кунанд ва барои рафъи он кӯмак расонанд.»

Акбари Саттор, муассиси 8 ҳафтанома мегӯяд, мушкили рақами яки журналистикаи тоҷик набуди рӯзноманигори касбӣ дар миёни ҷавонон аст:
«Агар ҳоло ба рӯзноманигорон назар андозем, мебинем, ки ҳамаи онҳо нафаронеанд, ки дар замони Шӯравӣ таҳсили илм кардаанд. Журналистони ҷавон тақрибан ҳама дониши кофӣ надоранд»

Умед Бобохонов, муассиси Оҷонсии иттилоотии «Азия плюс» мегӯяд, мушкили дигар набуди мутахассисин дар роҳбарият аст:
«Дар Тоҷикистон на танҳо журналистони касбӣ, балки менеҷерон, роҳбарони нав, кордонҳо, рекломхоҳон намерасанд»

Илҳоми Ҷамолиён, сарвари Оҷонсии иттилоотии «Вароруд» меафзояд, дар минтақаҳо то ҳанӯз журналист чун дар даврони Шӯравӣ мехоҳад фикри худро сари хонанда таҳмил кунад:
«Журналистон худро ҳодии роҳи рост мепиндоранд ва ба мардум «тарзи дурусти зиндагониро» меомӯзанд, ки аз ин гуна журналистика ба ҷомеъа манфиат кам мерасад»

Ва аммо Ҳуринисо Ализода, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» мегӯяд, мушкили аслии журналистикаи тоҷик камии маош аст. Хонум Ализода меафзояд, дар мавриде ки журналистони маҳаллӣ бо иллати камии маош имкони баррасии матлабро надоранд, расонаҳои хабарии хориҷӣ бо ирсоли пули андаке бештар журналистони тоҷикро дастнигар кардаанд:
«Маоши кӯчак, ки асоси ситам сари журналисти тоҷик аст, мо сари он солҳои сол гуфтаем ва боз хоҳем гуфт, аммо қазия ҳал намегардад»

Таблиғ ва мафод аз он сабаби дигари дастнигарии газетаҳои маҳаллӣ мешавад. Замоне, ки бо иллати аз даст додани мизоҷи сарватманд, ба иттилоъи сардабирон, газетаҳо имкони интиқоди рекломдеҳро надоранд, Баҳодур Қосимов мегӯяд, дар бархе маврид маводи таблиғотӣ аз матолиби дигар бештар аст ва газетаҳо дар ин зимн рисолати аслии худро аз даст додаанд.

Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ин дар мавридест, ки рӯзномаҳои озод ва мустақил дар кишвар саркӯб шудаанд:
«Аз тарафи дигар, вақте ки матбуоти дар ҳақиқат мустақил ва ё тақрибан озод пайдо мешавад, ҳамчун «Нерӯи сухан» ва «Рӯзи нав» онро саркӯб мекунанд. Аммо саркӯб на ба воситаи сиёсати давлат, балки бо роҳҳои травиалний, яъне роҳҳои муқаррарии насупоридани андоз ва ғ. »

Маоши кӯчак, саркӯбии расонаҳои озод, набуди мутахассисин, бозори фарсудаи таблиғ, диктатураи рекломдеҳ, чаҳорчӯбаи ношикастаи журналистикаи «Шӯравӣ», ситами кордеҳони хориҷӣ, адами дониши ҳуқуқӣ аз мушкилоти ҳалталаби журналистикаи муосири тоҷик аст, ки дар мизи гирд акнофи он баҳс доир гардид.
XS
SM
MD
LG