Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтаринҳои самбои Тоҷикистон


Мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи самбо барои дарёфти ҷоизаи бошгоҳи варзишии «Ланглиф», ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баргузор шуд, ба анҷом расид.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки барои дуввумин бор баргузор шуд, 135 гуштигир дар ҳайати 14 даста аз манотиқи мухталифи ин кишвар ва, ҳамчунин тими Узбакистон ширкат карданд.

Дар рақобатҳо мувофиқи вазни худ Раҳматуллоҳ Латифов (52 кг) ва Фаридун Устопиров (74 кг), ҳарду аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, паҳлавонони шаҳри Хуҷанд Ҳамза Мирзоев (62 кг), Ҷамшед Шоҳниёзов (68 кг), Ҷӯраалӣ Мирзоев (100 кг), Расулбек Амонов (90 кг) ва Пӯлод Шайхов (беш аз 100 кг), узви дастаи бошгоҳи варзишии CSKA-и Душанбе Ҷамшед Саломов (82 кг) ва гуштигири Узбакистон Равшан Турақулов (57 кг) мақоми аввалро касб карданд. Дар рақобатҳо миёни собиқадорон Ҳақназар Ҳақназаров (62 кг) ва Меҳроб Одинаев (74 кг), ҳарду аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Қаюм Шарифов (90 кг) аз ноҳияи Мастчоҳ ва Владимир Рустамов (беш аз 100 кг) аз шаҳри Хуҷанд бо ҷоизаҳои аввал сарфароз гаштанд.

Маҳмуди Абдуллоҳ афзуд, бошгоҳи варзишии «Ланглиф», ки бо ибтикори устоди маъруфи гуштии самбо Усто Устопиров 31 сол муқаддам таъсис ёфтааст, барои рушди ин навъи маъмули варзиш дар Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст. Шогирдони ин бошгоҳ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шарафи кишварро дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳимоя мекунанд.
XS
SM
MD
LG