Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори масъули Раёсати савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе


Мағфират Деҳқонова, муовини Раёсати савдо ва бозорҳои ҳукумати шаҳри Душанбе дар манзили зисти худ дар пойтахти Тоҷикистон ба қатл расонида шудааст. Ҳабибулло Воҳидов, додситони шаҳри Душанбе бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳангоми таҳқиқи ҷасади Мағфират Деҳқонова ошкор шудааст, ки куштор рӯзи сиюми май тавассути туфанг сурат гирифтааст. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, аз тарафи кормандони умури дохила писари сисолаи Мағфират Деҳқонова ба ҳайси гумонбар дар қатли модар боздошт шудааст. Ҳабибулло Воҳидов афзуд, дар айни ҳол, тафтишот ду фарзияи кушторро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Яке аз фарзияҳо марбут ба муноқишоти оилавӣ буда ва аз рӯи фарзияи дуввум, фарзанди боздоштшудаи марҳум Деҳқонова, ки тоҷир будааст, барои пардохти қарзҳояш аз модар кӯмак хоста ва аммо посухи рад шунидааст. Бино бар иттилоъи додситони шаҳри Душанбе, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва додситонии ноҳияи Сино тафтишот мебарад. Хонум Деҳқонова, ки 49 сол дошт, қаблан, сарварии шӯъбаи бозор ва тиҷорати шаҳри Душанберо бар дӯш доштааст ва баъдан, ба муовинати Раёсати савдо ва бозорҳои ҳукумат таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG