Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Ҷ. Буш дар бораи қатли 24 нафар дар Ироқ


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико мегуяд, вай нигарон аст, ки нируҳои Амрикоӣ дар Ироқ дар шаҳраки Ҳадиса соли гузашта ба мардуми бесилоҳ оташ гушудаанд. Ин нахустин тавзеҳоти ошкорои Ҷорҷ Буш ба идаъо дар бораи қатли 24 шаҳрванди Ироқ, аз ҷумла занону кудакон дар шаҳраки Ҳадиса мебошад:

"Сипоҳи Дарёӣ аз мардону занони муътабар ташкил шудааст ва ҳамаашон қонунҳои ҷангро медонанд. Агар воқеъан ҳам ин даъвоҳо дуруст бошад, бояд нируҳои дарёӣ бештар кор кунанд то бовар ҳосил кунанд, ки анъанаи пурифтихор дубора таҳким ёбад ва ҳар кас, ки ин анъанаро риъоят накардааст, агар чунин шуда бошад, бояд ба муҷозот кашонда шавад".


То ҳол низомиён гуфтаанд, ки ин 24 нафар бар асари инфиҷори бами канори роҳ кушта шудаанд. Рузи сешанбе мақомоти Амрико гуфтанд, ки ба ин ҳодиса расидагӣ анҷом медиҳанд ва натиҷаҳои онро эълон мекунанд. Нурӣ Комил ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ низ рузи сешанбе гуфт, ҳукумати вай ба шикоятҳо дар бораи кушта шудани 24 сокини шаҳраки Ҳадиса расидагӣ хоҳад кард. Ин ҳодиса моҳи ноябри соли гузашта рух додааст.
XS
SM
MD
LG