Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди шартии Амрико ба Ирон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шартан пешниҳод кард, ки агар Ирон ба фаъолиятҳои ғанисозии урониюми худ хотима диҳад, Амрико ба музокироти кишварҳои аврупоӣ бо Ирон хоҳад пайваст. Ин пешниҳод дар ҳоле садо дод, ки имруз бузургтарин кишварҳои сайора, яъне 5 кишвари узви доимии Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Олмон дар Вена барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Иронро баррасӣ мекунанд. Дар остонаи ин музокирот Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико дар ин бора чунин гуфт:

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико уҳдадор аст, ки баҳсҳои ҳастаӣ бо раҳбарони Ирон аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад. Мо бо ҳамкорони аврупоии худ роҷеъ ба нукоти аслии пешниҳодҳое, ки ба нафъи ҳар ду ҷониб аст, розӣ ҳастем, ба шарти ин ки Ирон роҳи дурустро интихоб кунад. Мо умедвор ҳастем, ки дар рузҳои оянда давлати Ирон ин пешниҳодро амиқан баррасӣ мекунад".


Дар посухи ғайримустақим ИРНО-хабаргузории давлатии Ирон ин пешниҳодро навъе иқдоми таблиғотӣ хондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG