Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хумори сигор моро то куҷо мебарад?


31 май Рӯзи байнулмилалии мубориза бо тамоку буд. Дар Тоҷикистон низ ба ин муносибат барномаҳое зери шиъори "Тамоку дар ҳар шакл ва таҳти ҳар шароите марговар аст!" баргузор шудааст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон ба мушкилоти ношӣ аз сигору нос, ба вижа, дар миёни ҷавонон таваҷҷуҳи кофӣ надорад ва онро аз мушкилоти дараҷаи аввал намедонад. Дар ҳоле, ки бисёре аз пизишкон кашидани сигорро яке аз умдатарин омилҳои ибтило ба саратон медонанд. Ҷавонони сигорӣ ва носкаш дар Тоҷикистон дар ин бора чӣ мегӯянд? Дар Ғарб дар ин замина чӣ корҳое анҷом шудааст? Чӣ роҳҳои раҳоӣ аз чанги эътиёд ба сигору нос вуҷуд дорад?

Ин ҳама дар "Ояндасоз"-и вижаи Родиёи Озодӣ, ки рӯзи 31 май пахш шуд ва шумо ҳам метавонед ҳоло бо фишор додани ҳамин сатр онро бишнавед.
XS
SM
MD
LG