Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парламенти Тоҷикистон гурӯҳҳои даҳшатафканро мушаххас кард


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санади Барномаи ҳамкориҳои кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ дар мубориза бо террроризм ва ифротгароиро ба тасвиб расонд.
Мухтор Шарифов - муовини вазири амнияти Тоҷикистон дар тавзеҳи ҷузъиёти ин барнома барои вакилони парлумон гуфт, раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ ва ҳамзамон хатари афзояндаи терроризм ва ифтротгароӣ дар саросари ҷаҳон кишварҳоро водор мекунад, ки дар мубориза бо ин зуҳурот аз фаъолияти муштарак кор бигиранд. Ӯ бархе аз созмонҳои, ба таъйиди ӯ, террористиро ном бурд, ки на фақат ба амнияти Тоҷикистон ва минтақа, балки ба бехатарии ҷаҳон таҳдид эҷод мекардаанд:

Як қатор созмон ва ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла, Ал Қоида, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон, Толибон, Ихвон-ул-муслимин, Лашкари Тойиба, Ҷамъияти таблиғот ба Тоҷикистони озод ҳамчун созмонҳои террористӣ ва ифтротгаро эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст.

Муовини вазири амнияти Тоҷикистон афзуд, аз соли 2000 то кунун 93 тан аз шаҳрвандони кишвар, ки ба амалҳои террористӣ даст задаанд ё бо гурӯҳҳои даҳшатафкан ҳамкорӣ доштаанд, муайян ва боздошт шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ин рӯйхат ба феҳристи ягонаи Маркази зиддии террористии кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Созмони ҳамкориҳои Шонҳой ворид шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба таъйиди бархе аз коршиносон, пазируфтани Барномаи мазкур барои доираҳои муайяни ҳукмрони ин кишварҳо шароит ва имконоти ҳуқуқии таъқиби дигарандешон, фишор ва саркӯбии мухолифини сиёсиро фароҳам мекунад.
Мухтор Шарифов - муовини вазири амнияти Тоҷикистон афзуд, қабули ин санад имкон медиҳад Тоҷикистон бо кишварҳои Муштаракулманофеъ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла, Маркази мубориза бо терроризми созмони Шонҳой барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ, ошкор ва хунсо кардани гурӯҳҳои даҳшатафкан , мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ ҳамкории судманд дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби ин барнома ташкили тамриноти муштарак ба манзури маҳви душмани шартӣ, табодули иттилоот ва таҷриба миёни хадамоти амниятии кишварҳои Муштаракулманофеъ дар назар дошта шудааст. Аммо барои ин иҷрои ин барнома маблағи алоҳида пешбинӣ нашудааст ва дар сурати баргузории амалиёт, аз маблағи дар буҷа барои амният пешбинишудаи ҳар кишвар истифода мешавад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG