Пайвандҳои дастрасӣ

Вом барои соҳибкор


Ахиран дар маросими имзои созишномаи ҳусни тафоҳум миёни ин ду ниҳод дар маркази Суғд Фернанд Паниэл - намояндаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар Тоҷикистон гуфт, ки воми имтиёзнок барои соҳибкорони даҳ навоҳии вилоят пешбинӣ шудааст. Ӯ афзуд:

Умедворам, ин маблағе, ки мо медиҳем, дар оянда барои рушди фаъолияти соҳибкорон дар манотиқи деҳот ва дарёфти маблағгузорони дигар аз ҷумлаи ниҳодҳои молиявӣ ва бонкҳои маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.

Соҳибкорони манотиқи деҳоти Суғд воми имтиёзноки Бонки Аврупоиро дар ҳудуди то ҳазор доллари амрикоӣ бо фоизи солонаи 13 дар сад аз маблағи умумӣ дарёфт хоҳанд кард ва ҷаноби Паниэл афзуд, дар оянда суд аз вом поинтар бурда хоҳад шуд.
Бунёди «Микроинвест», яъне «Маблағгузории хурд» дар вилояти Суғд соли 2002 бо кӯмаки молии созмони USAID -Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳида таъсис ёфтааст. Шоира Содиқова - сарвари Бунёди «Микроинвест» мегӯяд, беш аз чаҳор ҳазор соҳибкори суғдӣ дар бахшҳои тиҷорат, кишоварзӣ, молдорӣ ва косибӣ тавассути ин Бунёд аз вомҳои хориҷӣ баҳравар шудаанд.
Зебо Бобоева - як соҳибкорзани муваффақ аз шаҳри Чкалови Суғд гуфт, оғози фаъолияти соҳибкории вай дар соҳаи савдо бо гирифтани 300 сомонӣ қарз аз бунёди «Микроинвест» шурӯъ шудааст:

Ман ҳозир 3 ҳазор сомонӣ қарз гирифтам. Аввал ман дар бозор савдо мекардам ва бори ман кам буд. Акнун ҳам дар бозор фурӯшгоҳ ва ҳам мағоза дорам. Ҳозир навъи амволи фурӯшии ман ҳам хеле зиёд шудааст. Пеш фақат маводи ғизоӣ мефурӯхтам, акнун дигар намуди маҳсулот ҳам савдо мекунам.

Коршиносони маҳаллӣ, саҳми чунин ниҳодҳои молиявиро дар рушди соҳибкории хурд, поин бурдани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ чашмрас арзёбӣ мекунанд. Домуллоҷон Ҷабборов - муовини раиси ҳукумати Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт:

Қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорони хурд ба паст бурдани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад. Чунки як соҳибкор вомро бо фоизи кам гирифта, фаъолияти худро ҷоннок мекунад. Бинобар ин мо аз намояндаҳои Бонки Аврупоӣ хоҳиш кардем, ки маблағгузорӣ ба вилояти Суғд зиёд карда шавад. Ба хусус, ки бозгардони қарз аз ҷониби соҳибкорони Суғд хеле хуб сурат мегирад.

Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, вомҳои имтиёзноки ниҳодҳои молиявии хориҷӣ ба рақобат миёни бонкҳои маҳаллӣ дар мавриди беҳтар кардани шароит ва шартҳои пешниҳоди қарз ба соҳибкорон ва корхонаҳо мусоидат хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир ба сабаби гаронии шартҳо ва баландии фоизи қарз на ҳар соҳибкори хурди суғдӣ метавонад аз бонкҳои маҳаллӣ вом дарёфт кунад.
XS
SM
MD
LG