Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул баъди ошӯб


Рон Синовитс Сабаби рух додани тазоҳуроти густарда дар пойтахти Афғонистон чӣ буд - норизояти мардум аз вазъи иҷтимоӣ ё қаҳру ғазаб аз такаббури низомиёни хориҷӣ?

Дар хиёбонҳои Кобул тонкҳо ва дигар зиреҳпӯшҳои низомӣ пайдо шуданд. Теъдоди низомиёни афғон дар кӯчаҳои пойтахти Афғонистон афзудааст ва кормандони пулис дар пайи дубора боз кардани постгоҳҳое ҳастанд, ки рӯзи душанбе ошӯбгарон тахриб карданд. Низомиёни нерӯҳои байнулмилали таъмини амният таҳти раҳбарии НАТО дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти Афғонистон фаъолият доранд ва аммо теъдоди онҳо дар шаҳр хело кам ба чашм мерасад.
Ҷейн МакКензӣ, раиси дафтари Пажуҳишгоҳи мутолиоти ҷанг ва сулҳ дар Кобул мегӯяд, алҳол бештари шаҳрвандони пойтахти Афғонистон суол мекунанд, ки ин ҳодиса чӣ оқибате дар пай хоҳад дошт:

Ҳоло оромӣ аст. Ва аммо фикр мекунам, ки алҳол дар сари ҳар фард суоле аст, ки оё ин як низоъи ҷудогона буд? Ва оё ҳама чиз мӯътадил хоҳад шуд? Ё мо фардо чиро хоҳем дид. Оё мо идомаи ошӯбро дар пойтахт шоҳид хоҳем шуд?

Аз нигоҳи коршиносон, ба шурӯъи бенизомиҳо дар Кобул баъди садамаи мошини боркаши низомии амрикоӣ ва ҳалокати панҷ афғон чанд омил мусоидат кард. Дар ошӯбе, ки ба думболи ин ҳодиса сар зад, ҳадди аққал 8 афғони дигар кушта шуданд. Коршиносон мегӯянд, норизояти ҷавонон аз вазъи иҷтимоӣ, қаҳру ғазаби мардум аз такаббури низомиёни хориҷӣ ва ҷинояткорӣ дар рух додани бенизомиҳо нақши муассир доранд.
Паул Баркер, раиси дафтари созмони CARE International дар Афғонистон мегӯяд, хушунати рӯзи душанберо ошӯби зиддиамрикоӣ номидан нашояд, зеро дигар созмонҳои байнулмилалии хайрия ҳам ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Аз нигоҳи ӯ, ба сар задани хушунат бештар нерӯҳои ҷиноӣ ва ғоратгарон манфиатдор буданд. Ҳомиди Карзай - раиси ҷумҳури Афғонистон низ зимни суханронии худ ба ин нукта ишора кард:

Масъалаи ҳодисаи трофикӣ (нақлиётӣ) - ин дар тамоми ҷаҳон рух медиҳад. Ҳар рӯз дар байни мардуми худи мо даҳҳо ҳодиса мешавад. Ва ин далеле барои ошӯбу вайронгарии кишварамон набояд бошад, балки кӯшиш кунем то таҳқиқ кунем, ҳақиқатро биёбем, муҷримину ошӯбгаронро, ки бо баҳонаи ҳодиса ва бо истифода аз ин ҳодиса ватани моро вайрон карданд, ба ҳайси душмани Афғонистон шинохта бо онҳо муомила кунем.

Нодир Нодирӣ, раиси комиссиюни мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башари Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, бархе аз ошӯбгарон аъзои пешини гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ буданд, ки соати рух додани ин гуна бенизомиҳоро интизорӣ мекашиданд. Ҳамчунин иддае аз нерӯҳои, ба истилоҳ, дуввумдараҷаи сиёсӣ низ хоҳони бенизомиҳо дар кишваранд. Онҳо мехоҳанд намоиш диҳанд, ки чӣ гуна афғонҳо аз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ нороҳат ва аз фаъолияти ҳукумати феълӣ норозиянд. Зимнан, коршиноси сиёсии маҳаллӣ Воҳид Мужда низ бар ин аст, ки низоъи ахир нороҳатии афғонҳо аз бадрафтории низомиёни амрикоиро намоиш медиҳад. Ва аммо Ҷейн МакКензӣ, раиси дафтари Пажуҳишгоҳи мутолиоти ҷанг ва сулҳ дар Кобул мегӯяд, дар пойтахти Афғонистон шиорҳои зиддиамрикоиро аз шиорҳои алайҳи дигар хориҷиён ҷудо кардан душвор аст. Аз сӯи дигар, хонум МакКензӣ ба он нукта ишора мекунад, ки чӣ гуна як садамаи мошини низомӣ бо ин зудӣ бенизомӣ дар сартосари Кобулро барангехт:

Албатта таҳрикдиҳандаҳо буданд. Ва аммо иттилоъе низ мавҷуд аст, ки бархе аз ҷонибҳои сиёсӣ низ шояд ба бенизомиҳо ҷалб шудаанд. Мо на фақат намоишгаронро дидем. Шумо гурӯҳи ҷавононро бо нишонаи нерӯҳои сиёсӣ дидед. Ва ақидае низ ҳаст, ки нерӯҳои зиддиҳукуматӣ ба намоишгарон дастур медоданд ва онҳоро барои барангехтани хушунат равона мекарданд.

Бештари афғонҳо мегӯянд, ки онҳо аз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар кишвар нигарон нестанд. Ва аммо коршиносон мегӯянд, нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони Амрико бояд бидонанд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ болои мардуми осоишта ва бадрафтории низомиёни хориҷӣ бо афғонҳо метавонад ақидаи мардумро куллан тағйир диҳад. Бештари сокинони Кобул аз он шиква мекунанд, ки мошинҳои низомиёни амрикоӣ дар шаҳр бидуни низом ҳаракат мекунанд ва онҳо амнияти худро аз бехатарии афғонҳои оддӣ волотар медонанд.
Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ахиран гуфт, ки ҳукумати кишвар ва роҳбарони Нерӯҳои эътилофи таҳти фармони Иёлоти муттаҳида бо оилаҳои панҷ нафари бар асари садамаи ахир ба ҳалокатрасида дар тамосанд ва ба онҳо ҳамчун ҷуброн маблағи муайян пардохт мешавад.
XS
SM
MD
LG