Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарёди ӯ дар гулӯи миллат боқист...


Лоиқ Шералӣ, ба иттилоъи шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, дар солҳои 60 - уми асри 20 бо валвалаву шӯру шар ҳамчун тундаре дар осмони соф вориди шеъри тоҷик шуд ва аз худ як мактаби мукаммали таронасаройиву сухангустарӣ ба мерос гузошт. Мусоҳиби ман афзуд, ба шеър рӯ овардани Лоиқ ҳатто барои худи ӯ ногаҳонӣ буд:

«Он кас мегуфтанд, ки ман ҳеҷ вақт даъвои шоирӣ надоштам, вале вақте ки дар Донишгоҳ таҳсил мекардам ва дар маҳфили шуарои ҷавон иштирок кардам, ба нохост, барои худ кашф кардам, ки ман ҳам шоирам»

Аз сӯи дигар, худобиомурз Лоиқ Шералӣ, ба иттилоъи Мӯъмини Қаноат, шоири шаҳири тоҷик дар майдони шеър доди сухан дод ва гӯйи сабқат аз чавгони фалаки абёт бардошт:

«Ман намедонам, ки шахсан манн то куҷо дар шеър даст ёфтаам, вале медонам, ки Лоиқ комилан дар шеър даст ёфта буд»

Вале тафриқаи дигар ва ҷиддии Лоиқ Шералӣ аз дигар шуарои баркамоли тоҷик ин буд, ки ба иттилоъи Акбари Абдулло, шоири дигар ҳатто дар рӯзҳои сангинтарни барои кишвар Ватанро тарк накард:

«Ӯ мегуфт, ки Тоҷикистон Ватани ман аст ва Лоиқ бе ватан касе ё чизе нест. Ӯ ҳатто аз хонаву дари обод ва субботу оромӣ дар Қазоқистон, ки пешкаши ӯ карда буданд, даст кашид ва то охирин лаҳзаи ҳаёт аз Тоҷикистон берун нашуд»

Ва аммо дар шеър ин даъвиро, ки устод Лоиқ дар ҳар як мисраъ дифоъ аз миллат дошт ва бонги озодии миллат мезад ва муддаъии ҷомаи давалат пӯшидани забони тоҷикии форсӣ буд, ҳама аз мусоҳибони радиои Озодӣ таъйид кардаанд. Валӣ Самад, адабиётшиноси маъруф мегӯяд, «Ҳанӯз дар солҳои 60 уми асри гузашта, дар айёми рукуд Лоиқ аз манофеъи миллӣ дифоъ мекард».

Ортиқи Қодир, ровӣ ва дӯсти шоир меафзояд, ҳамин дард, эҳсоси ватанпараварӣ ва ҳуббулватан ахиран Лоиқро то бистари марг бурдаанд:

«Устодро воқеан ҳамин дарди миллат то бистари марг бурд ва бояд ки дар дардномаи устод, яъне «диагноз»и ӯ навишта мешуд: дарди миллат кушт!»

Дар маҳфили ёдбуди шоир ин нукта, ки Лоиқ Шералӣ, як тан аз тавонотарин шоирони садаи бисти тоҷик аст, ки аз худ 20 дафтари шеъри баланд ва мактаби вижаи сухангустарӣ ба мерос гузоштааст, ба таъкид таъйид гардид.
XS
SM
MD
LG