Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ноумедиҳо басо умед аст...


Дастаи мардонаи Тоҷикистон бар тими Монако бо ҳисоби 3,5 бар 0,5 ғалаба кард. Дар ин дидор Фаррух Амонатов, Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Илҳом Юнусов бар ҳарифони худ ғолиб омаданд.Ҷамшед Исоев бозиро мусовӣ анҷом дод. Баъд аз нӯҳ даври мусобиқот тими мардонаи Тоҷикистон, ки 3 ғалаба, 2 мусовӣ ва 4 бохт дорад, бо 17,5 имтиёз миёни 150 дастаи ширкаткунандаи Олимпиада дар мақоми 86-ум қарор гирифтааст. Дастаи мардонаи Арманистон бо 26,5 имтиёз дар хатти аввал, тими Чин бо 25,5 имтиёз дар хатти дуввум ва дастаи Фаронса бо 23,5 имтиёз дар хатти саввуми ҷадвал ҷой доранд.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар байни дастаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо аз тими Афғонистон пеш аст : ҷойи 10-ум Узбакистон (22,5 имтиёз), 56-ум Қазоқистон (19,5), 67-ум Туркманистон (18,5), 74-ум Қирғизистон (13,5), 86-ум Тоҷикистон (17,5), 118-ум Афғонистон (14,5).
Тими бонувони Тоҷикистон дар даври нӯҳум дастаи Зеландияи Навро бо натиҷаи 2,5 бар 0,5 шикаст дод. Елена Нуриддинова ва Надежда Антонова бар ҳарифони худ дастболо шуданд.Шаҳноза Умарова бозиашро мусовӣ ба поён расонд.Тими занонаи Тоҷикистон, ки панҷ дастаро шикаст дода, аз чаҳортоаш мағлуб гаштааст, бо 13 имтиёз дар байни 108 даста дар ҷойи 62-ум мебошад. Дар сабқати занони шатранҷбоз тими Украина бо 21 имтиёз дар мақоми аввал, дастаи Русия бо 20,5 имтиёз дар мақоми дуввум ва тими Гурҷистон бо 19 имтиёз дар мақоми севвум қарор гирифтаанд.
Дастаи занонаи Тоҷикистон низ миёни тимҳои бонувони минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо аз тими Афғонистон пеш аст: ҷойи 22-ум Қазоқистон (15,5 имтиёз), 41-ум Қирғизистон (14,5), 42-ум Узбакистон (14,5), 50-ум Туркманистон (13,5), 62-ум Тоҷикистон (13), 104-ум Афғонистон (0).
Дар даври даҳуми мусобиқот тими мардонаи Тоҷикистон бо дастаи Гватемала ва тими занона бо дастаи Италия - А рақобат мекунанд. Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот то рӯзи 4 июн идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG