Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз изҳороти Ирон розист


Давлати Амрико мегуяд, хушҳол аст, ки Ирон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш музокира бо кишварҳои муҳими узви Иттиҳодияи Аврупоро оғоз мекунад. Томи Сноу-сухангуи Кохи Сафед дар ин бора гуфт:

"Ман мехоҳам бигуям, ки мо аз баргаштани Ирон ба музокирот бо 3 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо хушҳол ҳастем. Умедвор ҳастем, ки ин музокирот борвар хоҳанд буд. Мо ҳамеша дар бораи ҳадафҳои ниҳоӣ мавзеъгирии рушан доштем ва ҳадаф ин аст, ки аз Ирон мехоҳем барномаҳои ғанисозии урониюм ва фаъолиятҳои марбут ба онро муттавақиф созад. Мо барои ин кор ба онҳо комёбӣ мехоҳем".

Бо вуҷуди ин, Сноу афзуд, бояд бо Ирон эҳтиёткорона рафтор кард. Томи Сноу-сухангуи Кохи Сафед дар ҳоле ин суханонро ба забон овард, ки Манучеҳри Муттакӣ-вазири хориҷаи Ирон гуфт, кишвараш омода аст, бо Бритонёву Фаронса ва Олмон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш ба музокира биншинад. Қарор аст ин музокирот 1-уми июн, яъне рузи панҷшанбе дар Вена оғоз шавад.
XS
SM
MD
LG