Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расидагӣ ба куштори 24 нафар дар Ҳадисаи Ироқ


Нурӣ Комил ал Маликӣ-нахуствазири Ироқ гуфтааст, ҳукумати вай ба шикоятҳо дар ин бора, ки нируҳои Амрико соли гузашта дар шаҳраки Ҳадиса 24 сокини онро куштаанд, расидагӣ хоҳад кард. Оқои Маликӣ ин нуктаро ба хабаргузории Ройтерз баён доштааст. Худи низомиёни Амрико низ ба ин ҳодиса расидагӣ мекунанд, то дарёбанд, ки чӣ тавр моҳи ноябри соли гузашта сарбозон ба суи сокинони Ҳадифа тирандозӣ кардаанд. Низомиён мегуянд, ин сокинон аз инфиҷори бами канори роҳ кушта шудаанд. Кохи Сафед гуфт, ҳар вақт, ки расидагии ҷониби Амрико ба поён расид, натиҷаҳои онро эълон мекунанд.
XS
SM
MD
LG