Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани ҷаҳонии ғизои ҳалол


Ахиран дар пойтахти Малайзия, шаҳри Куала-Лампур нахустанҷумани ҷаҳонии ғизои ҳалол доир шуд. Дар ин ҳамоиш, ки бузургтарин ширкатҳои таҳиякунанда ва фурӯшандаи ғизои ҷаҳон, назири ширкатҳои маъруфи бритониёии "Теско", фароаврупоии "Нестле" ва ғизофурӯшиҳои амрикоии Макдоналдсу Ка Эф Сиро ба ҳам овард, масоил ва мушкилоти ин бозори бузург ва рӯ ба тавсиъаи боз ҳам бештарро баҳс кардаанд.

Вожаи ҳалол, ки арабист, дар ҷаҳони Ислом маънии ғизои муҷоз ва машрӯъ барои мусалмононро медиҳад ва бавижа ба гӯшту ғизоҳои гӯштӣ иртибот мегирад. Ва ҳам ба машрубот, ки нӯшиданашро барои мусалмонон манъ фармудаанд.

Масъалаи дастрасӣ ба ғизои ҳалол барои мусалмонон бахусус дар кишварҳои ғайриисломӣ, аз ҷумла дар кишварҳои аврупоӣ як масъалаи доғ боқӣ мемонад. Дар ин кишварҳо барои як фарди мусалмон дарёфт кардани гӯшти чорвое, ки ба таври шаръӣ забҳ шуда бошад, ва ҳатто маҳсулоти қаннодие, ки таркибаш бидуни желатини хук бошад, кори саҳл нест.

Ё як мусалмон то куҷо метавонад мутмаин бошад, ки дар таҳияи ғизое, ки дар тарабхонаҳои масалан Аврупо супориш медиҳад, равғани хукро истифода набурдаанд. Ё спагтетти ё ҳасиберо, ки дар мағоза мехарад, бо шароб наомехтаанд.

Нордин Абдуллоҳ, яке аз ташкилдиҳандагони анҷумани Куала Лампур фурӯшоти солонаи бозори ғизои ҳалоли ҷаҳонро феълан 500 миллиард доллар баровард мекунад ва мегӯяд:

"Бозори ғизои ҳалол дар ҳоли вусъат ёфтан аст ва ин аст, ки шумо дар ин анҷуман намояндагони ширкатҳое ба мисли Тескоро мебинед, ки дар пайи ба тамоми Аврупо густариш додани шабакоти мағозаҳои худ акнун дар бораи анвоъи нави арзаи хадамот сӯҳбат мекунанд. Мо ширкати фароаврупоии Нестлеро дар ин ҷо мебинем, ки алакай дар мавриди тавлиди маҳсулоти хушсифати ҳалол барои Малайзия ва соъир кишварҳо корҳои ҷолиберо анҷом додааст. Мо дар ин роҳ қотеъона пеш меравем ва акнун дар бастагӣ бо сифати чунин маҳсулот."

Дар анҷумани Куала Лампур ҳозирин хостори таҳияи як низоми муштараки тамғагузорӣ ба маҳсулоти ҳалол ва ҳам эҷоди меъёрҳои воҳид ҷиҳати таъйини сифат ва кайфияти чунин маҳсулот шуданд. Аҳли ин ҳамоиш мегӯянд, чунин шева наҳви вуруди фурӯшандаҳои маҳсулоти исломӣ ба бозори ғизои ҳалолро осонтар мекунад ва ҳамин тавр кори дар дастраси харидорон қарор додани чунин маҳсулотро низ.

Нордин Абдуллоҳ мегӯяд, ва танҳо мусалмонон нестанд, ки таваҷҷӯҳ ба ғизои ҳалол мекунанд. Оқои Абдуллоҳ дар ин маврид Бритониёро намуна меорад ва мегӯяд:

"Мо шумори бузурги харидоронро мебинем ва ин танҳо мусалмонон нестанд, ки ғизои ҳалолро харидорӣ мекунанд. Барои мисол, дар Бритониё тақрибан 2 миллион мусалмон ба сар мебарад, ва аммо бозори маҳсулоти ҳалол дар он кишвар наздики 6 миллион нафарро фаро мегирад. Яъне шумо ҳамчун тавлидкунанда бояд ба ин омили муҳим низ ҳисоб кунед."

Ташкилдиҳандагони анҷумани ҷаҳонии ғизои ҳалол мегӯянд, ки ин ҳамоиш акнун ҳамасола баргузор шуда, талош хоҳад кард ҳар чӣ бештар ҳама он манотиқи дунёро, ки мусалмонон ба сар мебаранд, дар бар бигирад.

Масъалаи дастрасӣ ба ғизои исломӣ барои он садҳо ҳазор муҳоҷирини тоҷик, ки аксаран мусалмон буда, беш аз нисфи ҳар соли худро дар мусофират ва умдатан дар Русия ба сар мебаранд, низ як масъалаи доғ боқӣ мемонад.
Дар бисёри ҳолот ин мардум бо вуҷуди машғул ба корҳои сангин буданашон маҷбур мешаванд ё ба нону об қаноат варзанд ва ё барои соъоти мусофират чашм аз ғаризаҳои мазҳабии худ пӯшидаву лаб ба ҳар навъ ғизои дастрас зананд.

Бо касоне, ки дар Русия сӯҳбат мекардем, мегуфтанд, вазъ дар шаҳрҳои бузург ва бавижа дар шаҳрҳои соҳиби масоҷид ва бозорҳои азим, албатта, назар ба рустоҳо ва манотиқи дурафтодаи Русия беҳтар аст, чунки дар атрофи масоҷид ва бозорҳо дӯконҳои гӯштфурӯшие низ қомат афрохтаанд, ки қассобони мусалмони доғистониву чеченӣ ва ё тотору тоҷик гӯшту ҳасиби ҳалол мефурӯшанд.
XS
SM
MD
LG