Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эпидемияи носкашӣ дар Тоҷикистон


Бахши асосии Барномаи давлатии сиҳати оммаи Тоҷикистонро мубориза барои коҳиши сигор ва носкашӣ дар бар мегирад. Тибқи ин барнома, Маркази сиҳати оммаи вазорати беҳдошти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, барои мушаххас намудани шумораи нос ва сигоркашҳо дар Тоҷикистон як пурсиши сартосарӣ анҷом диҳад.

То кунун дар Тоҷикистон ягон омори расмӣ доир ба шумораи носкашҳо вуҷуд надорад, аммо ба назари мутахассисони ин марказ, теъдоди носкашҳо дар қиёс ба сигоркашҳо дар Тоҷикистон бештар буда ва аслан рустоҳо аз нос истифода мебаранд.

Сурайё Одинаева - намояндаи Маркази сиҳҳати омма ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳатто муҳассилини макотиби миёнаи Тоҷикистон аз нос бисёр истифода мебаранд, ки зиёни он ба сиҳати инсон бисёр зиёд аст:

"Таҳқиқоти маҳдуд мушшахас кард, ки дар байни хатмкунандагони мактабҳои деҳотӣ 21 фоиз аз нос истифода мебаранд. Инчунин дар байни донишҷӯёни макотиби олӣ ин нишондодҳо боз меафзоянд."

Аммо ин танҳо сокинони рустоҳо нестанд, ки носи зиёноварро масраф мекунанд. Дар шаҳру марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон низ шумораи носкашҳо кам нест. Тақрибан дар ҳамаи бозорҳои Душанбе растаҳои тулонии носфурӯшӣ вуҷуд дорад ва носфурӯшон ин моли худро ба садои баланд ситоиш мекунанд.

Як духтараки носфурӯш, ки донишҷӯ будааст ва дар растаи бозори Шоҳмансур менишинад ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як рӯз то бист бастаи тақрибан 100 грамии нос мефурӯшад:

"Донишҷӯ ҳастам ва маҷбур, ки нос фурӯшам, дар як моҳ намедонам, сесад баста нос мефурӯшам."

Гузашта аз ин тавре ин духтар худ эътироф кард, мизони зиёни нос ба сиҳатии инсонро низ намедонад. Шафӣ Маҳмадраҳимов табиби яке аз бемористонҳои Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ба меъда зиёни зиёд мерасонад, боиси рехтани дандонҳо мешавад ва боиси бемории стоматит, варами даҳон."

Иддае аз мусоҳибони носкаши мо гуфтанд, ба он хотир аз ин навъи тамоку истифода мебаранд, ки дар қиёс ба сигор арзонтар аст. Аммо ба андешаи яке аз онҳо зиёни нос назар ба сигор камтар аст:

"Синфи 1 ё 2 будем мекашидем, агар накашем асабӣ мешавем. Сигоркаширо зарараш бештар аст ба фикрам."
Маркази сиҳҳати оммаи вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт, ки ба хотири рӯзи ҷаҳонии мубориза ба зидди тамокукашӣ, ки фардо 31-уми май муқаррар шудааст, як барномаи махсусеро раҳандозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG