Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риё дар ҷомеаи тоҷик


Коргардони барнома -- Салими Аюбзод Ахиран ду сиёсатмадори тоҷик ҳамдигарро дар риёкорӣ айбдор карданд. Ва саввумӣ гуфт, ҳамин риёву риёкорӣ буд, ки Тоҷикистонро ба гирдоби хунини ҷанги дохилӣ афканда буд. Ва чаҳорумӣ гуфт, худи ҳамин нукта, ки монеъи ҳақталошӣ мешавад, як риёкорие беш нест...

Риё иддаъои ахлоқи нек аст, ки дар сухану зоҳир ҳаст, вале дар амал на. Имом Ғаззолӣ дар китоби "Эҳё-ул-улум" менависад, "Бидон, ки риё ҳаром аст ва риёкорон душманони худоянд." Ва нақлеро меорад, ки ҳазрати Умар мардеро дидааст, нишаста бо гардани хам дар ҳоли муроқаба ва ба ӯ гуфтааст: Эй мард, сари худро бардор, ки хоксорӣ дар гардан нест, балки дар дил аст.
Ривоят мекунанд, Абӯимом-ал-Боҳилӣ ба масҷид рафт ва мардеро дид, ки сар ба саҷда ниҳода, гиря мекард. Гуфт, агар ин гиря аз барои худост, чаро дар хона накардӣ.
Абдурауфи Фитрати Бухороӣ дар китобаш ба номи "Роҳбари наҷот" панҷ навъи риёро шарҳ медиҳад:

- риёи сухан
- риёи шаклу ҳайъат
- риёи бадан
- риёи амал
- риёи зиёрат ва сӯҳбат.


Дар тафсири ҳар кадоми онҳо Фитрат аз ҳадисҳои набавӣ ва осори уламо нақли қавл мекунад.

Зодагон ва парвардагони ҷомеаи коммунистӣ риёкориро дар имтиёзҳое дидаанд, ки раҳбарони мамлакат барои худ сохта буданд ва дар рафтори онҳое ки узви ҳизби лохудо буданду мехостанд, ҷанозаашон аз рӯи шариъати ислом баргузор шавад.

Риё дар ҷомеаи муосири тоҷик, он гуна ки ҳамнафаси мо дар Душанбе Раҳматкарими Давлат гузориш медиҳад, зери фишори эҳтиёҷу дастнигарӣ тадриҷан ба як ҷузъи хосияти миллӣ табдил меёбад. Равоншиносон мегӯянд, ин нукта бояд хеле изтиробовар бошад ва дар таҳияи барномаҳои таълимию қонунҳои нави мамлакат дар назар дошта шавад. Устоди равоншиносӣ Муҳаммадулло Давлатов гуфт, мустақилияти фикр метавонад як эм ё воксини зидди риё бошад. Меҳмони барномаи "Ҳамнафас" журналисти мустақил Мавлуда Султонзодаи Абдулло истиқлолияти фикрӣ дорад ва ба қолабҳои сохтаи ҷомеа ҷо шуданӣ нест. Аз ӯ мепурсам, оё дар зиндагии ҳаррӯза чӣ қадар шумо бо риё ва дурӯғ рӯбарӯ мешавед? Ва оё рӯҳониён то куҷо порсоёни бериё пиндошта мешаванд?

Борҳо шунидаем, ки мегӯянд, сиёсат палид аст ва риёкорӣ як рукни он. Ҳазорон ҳазор аз хирадмандони ҷаҳон дар орзуи ин буданду ҳастанд, ки сиёсатро каме ҳам бошад, поктар бинанд ва онро бо ахлоқи баланд пайванд диҳанд. Дар бархе аз кишварҳои пешрафта ин талошҳо асар кардаанд. Масалан, вақте як вазир барои ин ё он нокомӣ дар риштаи таҳти назараш ва ё бо ифшои дурӯғе ҳатто дар гузаштаи дури ӯ дарҳол аризаи истеъфо менависад, натиҷаи муборизаи ҷомеа бо риёкорист.
Дар Тоҷикистон мо то ҳол фақат ду намуна дорем, ки Отахон Латифӣ ва Раҳматулло Зоиров аз рӯи ахлоқи баланд мансабҳои муҳими давлатиро тарк карданд. Албатта, бархе аз нависандагон то куҷо худ аз риё озод будани ин намунаҳоро низ баҳс мекунанд, вале манзараи умумии мӯътодӣ ба мансабу қудрат дар кишвар онҳоро барҷастатар кардааст. Чанде аз сиёсатмадорони тоҷик назари худро ба риё дар гуфтугӯ бо ҳамнафаси дигари мо Нилуфари Собир шарҳ доданд. Ва ду нафари онҳо ба ҷони ҳамдигар дарафтода якдигарро дар риё айбдор карданд. Ва барномаи "Ҳамнафас" бо сухани раҳгузарон дар бораи риёкорӣ ва дурӯягӣ ба поён расид, ки ҳамнафаси мо дар Душанбе, Абдураҳими Умарзод гирдоварӣ кард.

Ин матни фишурдаи барнома буд, агар шунидан мехоҳед, радиочаи сабзро фишор диҳед.
XS
SM
MD
LG