Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осиёи Марказӣ пас аз 14 сол (Дидаҳои як мусофир)


Панниер: Чордаҳ сол пеш Шумо метавонистед бидуни кадом мушкиле марзи миёни кишварҳои Осиёи Марказиро убур намоед. Марзбонон ба ҳуҷҷатҳои Шумо назар намекарданд. баъзан Шумо марзро убур мекардеду касе мошинро мутаваққиф намекард. Вале он давра пушти сар шуд.
Ҳозир ҳангоми убури марз Шумо аз мошин берун мешавед. Санадҳоятонро тафтиш мекунанд. Суол-ҷавоби тӯлонӣ ҳам аз эҳтимол дур нест. Шумо кай вориди кишвар шудед?....Кай хоки онро тарк мекунед? Баъди тақрибан панҷ сад метр ҳамин гуна суол-ҷавобу тафтиш бо марзбонони кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайвандад. Чордаҳ сол пеш ин марзбонон ва аслан мардуми Осиёи Марказӣ ҷаҳонбинии ягона доштанд ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар майнаи онҳо ҷой нагирифта буд. Масъалаи дигар, ки баъало ба чашм мехӯрад, шумораи зиёди масҷидҳо мебошад. Дар шаҳрҳои калон ва ҳатто шаҳре, ки ҳадди ақалл 10-15 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳатман яке аз биноҳои навтарин масҷид аст.

Озодӣ: Бале, шумораи масҷидҳо зиёд шудааст, вале ҳанӯз ҳам фаъолияти шумораи муайяни ҷумбишҳои исломӣ пинҳонӣ мебошад. Оё дар ин бора чизе гуфта метавонед?

Панниер: Дуруст аст. Яке аз сабабҳои сафарам ба Осиёи Марказӣ маҳз ҳамин буд. Орзу доштам, ки аснои боздид аз Осиёи Марказӣ бо намояндагони ҷумбишҳои мухталиф сӯҳбат кунам. Дар он ҷо гурӯҳҳои зиёде ҳастанд, ки фаъолияти худро бо ин ва ё он сабаб расмӣ накардаанд. Баъзе гурӯҳҳои аслан пинҳонкор ҳастанд. То ҷое ба назар мерасад, ин на фақат мардум, балки гурӯҳҳои исломӣ аз фаъолиятҳои якдигар иттилоъ надоранд. Масалан, ҳамлаи ахир дар марзро бигирем, пайравони Ҳизб-ут-таҳрир ҳамларо маҳкум намуда, афзуданд, ки шояд масъулияти он бар дӯши Ҳаракати Исломии Узбакистон аст. Ва ё ин ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки расман сабтином шудааст, ишора менамояд, ки аз фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир зиёд хушҳол нест. Бар илова баъзе аъзои ҳизби наҳзат ғайримустақим иброз доштанд, ки Ҳизб-ут-таҳрир дар маҳаллаҳое, фаъол аст, ки аҳолии он асосан узбактабор мебошанд. Яъне дар ин ҷо на танҳо ба омили исломӣ, балки ҳамчунин ба омили қавмӣ низ нақш дорад. Хуллас, афкори мардум бар пояи овозаҳо дар бораи ин ҷумбишҳои исломӣ шакл гирифтааст. Албатта инро ҳам набояд фаромуш кард, ки дар Қирғизистон Ҳизб-ут-таҳрир мамнӯъ нест ва метавонад нимарасмӣ бидуни нигаронӣ аз таъқиб фаъолиятҳояшро роҳандоз ӣнамояд. Дар он ҷо мулоқот бо намояндагони ин гурӯҳ мушкил набуд.

Озодӣ : Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аксари ҷумбишҳои исломиро ҳамчун таҳдид ба сохти конститутсионӣ арзёбӣ мекунанд ва бисёре аз иқдомҳои амниятӣ аз ҷумла таҳкими назорати рафтуомад дар марзҳои миёни кишварҳои минтақа бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳаракати ҷангҷӯён қабул шудааст. Оё аз ин амал равобити иқтисодӣ, содироту воридоти кишварҳои минтақа зарар намебинад?

Панниер: Ман аз кишварҳое боздид намудам, ки аъзои Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии Авру-Осиё мебошанд. Ҳадафи ташкили ин Иттиҳод ҳам таъмини доду гирифти озоди молу ашё дар байни кишварҳои узви созмон аст. Вале агар Шумо мехоҳед маҳсулоте ба монанди як мошини боркаши мева ё сабзавотро аз Тоҷикистон ба Узбакистон интиқол диҳед, метавонам гӯям, ки ноком хоҳед шуд. Агар шаҳрванди оддӣ бидуни кадом молу ашё марзро убур карданӣ шавад, ӯ чандин соатро дар гузаргоҳ хоҳад гузаронд. Акнун фикр кунед, ки Шумо як мошини боркашро аз меваи зудвайроншаванда пур мекунеду озими Қазоқистон мешавед. Дар ҳар марз тафтишу коғазбозӣ соатҳои тӯлонӣ ва ҳатто рӯзҳоро дар бар гирифта метавонад. Бовар дорам, аз қиссаҳои ришваситонӣ дар марзҳо ҳам хабар доред. Кишоварзон метавонанд аз ҳисоби судури маҳсмулот фоидаи калон ба даст оранд, вале мушкили рафтуомад боиси хасороти онҳост.
Намехоҳам якҷониба ҳукуматҳоро бо монеагузорӣ муттаҳам кунам. Шояд нигарониҳои амниятӣ беасос набошанд. Вале агар Шумо як кишоварзи қирғиз бошеду барои фурӯши маҳсули дасти худ соатҳоро дар паи убури марз ва дарёфти ронанда дар Узбакистон масраф намоед ва дар ниҳоят бахши бузурги он талаф ёбад, Шумо хурсанд нахоҳед буд.
XS
SM
MD
LG