Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои гиребонгири Тоҷикистон


Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, қасд надорад, беш аз 300 миллион доллар қарзи Тоҷикистонро дар ояндаи наздик бекор намояд. Аннет Диксон, кафили раиси бонки мазкур дар умури Осиёи Марказӣ 30 май дар шаҳри Душанбе гуфт, бахшоиши қарзи ин кишвар дар баробари ин ниҳоди молӣ имконнопазир аст.
Хонум Диксон гуфт, Тоҷикистон дар ба суботи назарраси иқтисодӣ даст ёфтааст ва ин таҳаввулот Тоҷикистонро аз шумули кишварҳои фақир, яъне кишварҳои дорои имкони бахшоиши қарз берун овардааст. Хонум Диксон афзуд, вале агар ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои пардохти ҷуброни қарзи Тоҷикистон маблағ ҷудо кунанд, дар он сурат имкон дорад, ин масъала мавриди омӯзиш қарор бигирад.
Аммо Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳанӯз ба он сатҳе нест, Бонки Ҷаҳонӣ битавонад, ин кишварро аз феҳраси кишварҳои фақири дунё хориҷ созад.

Аннет Диксон афзуд, ин бонк дар иҷрои тарҳи арзёбии фанниву бонкии сохтмони нерӯгоҳи Роғун мусоидат хоҳад намуд. Хонум Диксон илова намуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин қасди мусоидат ба иҷрои тарҳҳои дигари фаннӣ дар бахши энержии Тоҷикистонро дорад. Дар соли ҷорӣ, гуфт хонум Диксон, Бонки Ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон, 36 миллион доллар ихтисос медиҳад. Ҳамчунин ба гуфтаи хонум Диксон, ба таври илова, барои бахши маориф 18 миллион ва барои муқобила бо зукоми мурғӣ маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Аз соли 1993, то кунун Бонки Ҷаҳонӣ наздик ба 400 миллион доллар қарзҳои боимтиёз ва билоиваз дар ихтиёри Тоҷикистон қарор додааст. Дар ҳоли ҳозир, 11 тарҳи вижаи ин бонк дар бахшҳои беҳдошт, иқтисод, маориф ва низоми бонкдории Тоҷикистон мавриди иҷро қарор дорад. Мутобиқи омори расмӣ, қарзи феълии Тоҷикистон дар назди Бонки ҷаҳонӣ беш аз 300 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG