Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости нави Ғаффор Мирзоев аз додситонӣ


Генерал Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони вай зимни муроҷиати ҷадид аз додситонии кулл тақозо кардаанд, ки бархе аз муфаттишони қазияи онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад. Бузургмеҳр Ёров - яке аз вакилони дифоъи Ғаффор Мирзоев гуфт, генерал Мирзоев ва ҳамроҳони ӯ мегӯянд, ин муфаттишин дар ҷараёни бозрасии муттаҳамон даст ба аъмоли ғайриқонунӣ задаанд.
Ба гуфтаи оқои Ёров, дар ҷараёни муҳокима дар додгоҳ ва рӯ ба рӯ кардани шоҳидон бо муттаҳамон, бештари шоҳидон ба нодурустии баёнотҳое, ки бозрасон аз муттаҳамин гирифтаанд, шаҳодат додаанд: "Дар рафти пурсишҳо муқаррар шуд, ки мақомот ҳангоми тафтишот аз онҳо хостаанд, ки ҳар гуна маълумоти бардурӯғро, ки шахси дигарро сиёҳ мекунанд, ба мақомоти тафтишотӣ диҳанд. Ғайр аз ин аз тарафи шахсоне, ки бевосита ба таҳқиқи парванда машғул буданд, сохтакории ҳуҷҷатҳо ба амал омадааст. Масалан, гӯё як қатор аз судшавандаҳо ба исёни мусаллаҳона тайёр шуда бошанд ва муқобили давлат исён карданӣ бошанд. Гӯё панҷоҳ нафар шоҳид чунин шаҳодат дошта бошанд, аммо он шоҳидон мегӯянд, ки чунин баёнот надодаанд."
Вакили мудофеъи Ғаффор Мирзоев ному насаби муфаттишонеро, ки ба иддаои муттаҳамон аъмоли ғайриқонунӣ кардаанд, ёдовар нашуд. Вале вай гуфт, дар рӯйхате, ки ба додситонии кишвар пешниҳод шудааст, исми бозрасони ҳам додситонии низомӣ ва ҳам вазорати дохила зикр ёфтааст.
Дар муроҷиати ҷадиди Ғаффор Мирзоев ва ҳамроҳони вай ширкати Манучеҳр Нуров - сардори раёсати додситонии низомӣ дар ҷаласаҳои додгоҳ, на ҳамчун вокуниши мақомоти тафтишот ба номаи саркушодаи онҳо, балки як навъ ба дӯш гирифтани иштибоҳоти содиркардаи тафтишот арзёбӣ карда шудааст. Аммо Манучеҳр Нуров ин иддаоро беасос хонда гуфт:
"Тамоми тафтишот дар чаҳорчӯбаи қонунҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ягон мақоми тафтишот ба ягон қонуншиканӣ роҳ надодааст. Бигзор зуд баҳо диҳад, ончӣ ки мо зарур мешуморидем дар доираи қонунгузорӣ ба суд пешниҳод кардем."
Ғаффор Мирзоев - тобистони соли гузашта таввасути маъмурони амниятии Тоҷикистон боздошт шуд ва додситонӣ ба ӯ мутобиқи сиву чаҳор моддаи Қонуни Ҷиноӣ, аз ҷумла талоши исёни ҳарбӣ ба зидди давлат, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт, сӯистифода аз мақоми хидматӣ айб эълон кардааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG