Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имдодхоҳии рӯшанфикрони тоҷики Қирғизистон


Як гурӯҳ аз рӯшанфикрони рустои Учқӯрғони ноҳияи Кадамҷо, воқеъ дар вилояти Ботканди Қирғизистон бо ирсоли як нома ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз вазъи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ва коҳиши теъдоди онон дар қаламрави кишварашон ибрози нигаронӣ кардаанд. Дар ин нома омадааст, ки бинобар нарасидани китобу барномаҳои таълимӣ раванди таҳсил дар мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Ҳамчунин таъкид шудааст, аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи наздик забони таълим дар ин мактабҳо тағйир ёбад.
Дар идомаи нома мехонем, ки омӯзгорони мактаби тоҷикии ба номи Садриддин Айнӣ - яке аз мактабҳои собиқадори тоҷикии Қирғизистон талоши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки аз китобҳои фарсудаву бемуқоваи чопи охири солҳои ҳаштодум ва нимаи аввали солҳои навадум истифода кунанд. Ба навиштаи муаллифони нома, мактаб ва маориф омили аслӣ барои ҳифзи забону фарҳанги миллии тоҷикӣ аст ва аз ин ҷиҳат ҳукумати
Тоҷикистон бо дарназардошти он ки тоҷикони бурунмарзӣ забон ва фарҳанги миллии худро фаромӯш накунанд, бояд ба онҳо кӯмак расонад. Ин номаро аъзои раёсати Иттиҳодияи Тоҷикони Қирғизистон, шоир Шарифҷони Ӯчқӯрғонӣ ва дигар рӯшанфикрони зиёди тоҷик имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG