Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттакӣ мегӯяд, Эрон аз ҳамлаи Амрико наметарсад


Вазири умури хориҷаи Ирон Манучеҳри Муттакӣ имрӯз, 30 май дар сӯҳбат бо хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" гуфтааст, кишвараш аз ҳамлаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарс надорад. Ба гуфтаи Манучеҳри Муттакӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавқеъе нест, ки "бӯҳрони наве" дар минтақа биофарад, зеро дар Ироқу Афғонистон "мушкилоти зиёде" гиребонгираш аст.
Вазири умури хориҷаи Ирон дар ин мавзӯъ бо хабаргузории Ассошиейтед Пресс дар Малайзия сӯҳбат кардааст. Дар ин ҷо ҳоло нишасти Ҷунбиши Кишварҳои Ғайримуттааҳид, ки дар он 114 мамолики дар ҳоли рушди дунё шомиланд, идома дорад. Қарор аст, баъд аз зӯҳри имрӯз дар робита ба бӯҳрони ҳастаии Ирон як баёнияи расмӣ содир кунанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико саъй дорад, то ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба зидди Ирон таҳрим ҷорӣ кунад. Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд, Ирон аз фаъолиятҳои ғанисозии уран даст кашад.
Ин кишварҳо Иронро барои талош ба дастёбӣ ба силоҳҳои атомӣ муттаҳам мекунад, иддаое, ки Ирон пайваста онро рад намуда мегӯяд, барномаҳои атомии ҳадафҳои сулҳомез дорад ва танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG