Пайвандҳои дастрасӣ

Мот аз ҷазираҳои Фарер


Дастаҳои мунтахаби мардонаю занонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар 37-умин давраи Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Турини Италия ҷараён дорад, ҳашт дидор анҷом доданд.

Тими мардонаи кишвар дар ҳайати гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов, устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев, устоди варзиш Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Илҳом Юнусов бар дастаҳои Уэллс бо натиҷаи 3 бар 1 ва Никарагуа бо натиҷаи 2,5 бар 1,5 пирӯз шуда, бозиро бо тимҳои Мексика ва Ямайка бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 ба поён расонд ва дар се дидор аз тимҳои Словения, Эквадор ва Тунис бо натиҷаи якхелаи 1,5 бар 2,5 ва аз дастаи Ҷазираҳои Фарер бо натиҷаи 0 бар 4 мағлуб гашт. Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии ҳашт даври мусобиқот тими мардонаи Тоҷикистон бо 14 имтиёз дар байни 150 дастаи ширкаткунандаи Олимпиада дар мақоми 100-ум қарор гирифтааст. Дастаи мардонаи Арманистон бо 24 имтиёз дар ҷойи аввал, тими Русия ва дастаи Украина бо 22 имтиёзӣ дар ҷойҳои дуввуму севвум мебошанд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар байни дастаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо аз тими Афғонистон пеш аст : ҷойи 10-ум Ӯзбекистон (20,5 имтиёз), 60-ум Қазоқистон (17), 63-ум Туркманистон (16,5), 86-ум Қирғизистон (15,5), 100-ум Тоҷикистон (14), 115-ум Афғонистон (13,5).

Тими занонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар ҳайати Елена Нуриддинова, Шаҳноза Умарова ва Надежда Антонова бар дастаи Намибия бо натиҷаи 3 бар 0 , бар тими ICSC - Кумитаи байналмилалии шоҳмоти ношунавоҳо , тими Ямайка ва IPCA бо натиҷаи якхелаи 2 бар 1 ғалаба карда, аз тимҳои Қазоқистон ва Австрия бо натиҷаи якхелаи 0 бар 3 ва аз дастаҳои Люксембург бо натиҷаи 1 бар 2 ва Канада 0,5 бар 2,5 мағлуб гашт. Тими Тоҷикистон бо 10,5 имтиёз дар байни 108 дастаи занона дар ҷойи 75-ум мебошад. Дар сабқати занони шатранҷбоз тими Русия бо 19 имтиёз дар мақоми аввал, дастаи Украина бо 18,5 имтиёз дар мақоми дуввум ва тими ИМА бо 17 имтиёз дар мақоми севвум қарор доранд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон миёни тимҳои бонувони минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо аз тими Афғонистон пеш аст: ҷойи 22-ум Қазоқистон (14,5 имтиёз), 30-ум Қирғизистон (14), 36-ум Туркманистон (13), 52-ум Ӯзбекистон (12), 75-ум Тоҷикистон (10,5), 104-ум Афғонистон (0).

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот то 4 июн идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG