Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони порламонҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой


Имруз дар Президент Ҳотели Маскав нахустин мулоқоти руасои порламонҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой баргузор мешавад. Дар он руасои порламонҳои Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Руссия ва Узбакистон ширкат мекунанд. Онҳо дар ин мулоқот заминаҳои қонунии ҳамкориҳоро дар чаҳорчубаи созмони мазкур баррасӣ мекунанд. Мулоқоти раҳбарони порламонҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба ибтикори ҷониби Руссия баргузор мешавад ва қарор аст, ширкаткунандагони ин мулоқотро имруз Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия дар Кохи Кремлин ба ҳузур пазирад. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот Муҳаммадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси Олӣ ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG