Пайвандҳои дастрасӣ

Қуюди шабгардӣ дар Кобул


Баъд аз тазоҳуроти хушунатомези дируз дар шаҳри Кобул мақомоти Афғонистон шаби гузашта дар ин шаҳр қуюди шабгардӣ эълон карданд. Тазоҳуроти хушунатомез замоне рух дод, ки як мошини нируҳои амрикоӣ ба чанд мошин бархурд ва ғазаби соҳибони мошин ва роҳгузаронро барангехт. Дар ин тазоҳурот дастикам 8 нафар кушта шудааст. Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон мегуяд, дар бархурди мошини нируҳои амрикоӣ бо мошинҳои роҳ панҷ нафар кушта шудаанд. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар як суҳбати телвизюнии худ тазоҳуркунандагонро душмани Афғонистон номид. Оқои Карзай гуфт, афғонон бояд бар зидди таблиғкунандагони тазоҳурот ва дуздону ғоратгарон бархезанд. Сарҳанг Том Коллинз-сухангуи нируҳои эътилоф дар Кобул гуфт, нируҳои эътилоф мумкин аст бар зидди гуруҳҳое оташ гушудаанд, ки мавзеъгирии душманона доштанд:

"Нируҳои эътилоф дар робита бо ин руйдод расидагии ҳамаҷониба анҷом медиҳанд. Гузориш расидааст, ки дар маҳвали ҳодиса тирандозӣ кардаанд. Гузоришҳо нишон медиҳад, ки аз як мошини эътилоф бар зидди мардуми ҷамъомада барои ҳушдор додан оташ гушодаанд."

Ба гуфтаи Том Коллинз, нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико аз кушта шудан ва ҷароҳат бардоштани одамон изҳори таасуф мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG