Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар хушунатҳои Кобул чандин нафар кушта шуд


Имрӯз дар шаҳри Кобул дар паи гирдиҳамоии хушунатомез, ки боиси фавти чанд нафар гардид, Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай мардуми ин кишварро ба ҳифзи оромӣ даъват кард. Ҳодиса баъди тасодуми корвони низомии Эътилофи байналмилалӣ дар шаҳри Кобул ба вуқӯъ пайваст. Эътирогарон сӯи сарбозони эътилоф санг ҳаво додаанд. Сухангӯи низомии ИМА бо арзи таассуф аз фавти мардум дар ҷараёни тасодум эътироф кард, ки дар ҷавоб ба сангпартоӣ сарбозон сӯи издиҳоми хашмгин оташ кушодаанд.
Ба қавли расонаҳои хабарӣ эътирозгарон дар саросари пойтахти Афғонистон паҳн гаштанд ва барои зери назорат даровардани вазъият дар кӯчаҳои Кобул сарбозони афғон ва эътилофи байналмилалӣ мустақар шуданд.
Ҳамчунин рӯзи душанбе муовини волии вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон Амир Муҳаммад Охундзода иттилоъ дод, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии эътилоф дар ин устон наздик ба 50 шахси муттаҳам дар ҷангҷӯӣ ва аз ҷумла чанд фармондеҳ кушта шуданд. Эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар бораи ин ҳодиса то ҳол чизе нагуфтааст.
Дар вилояти Қандаҳор бошад, дар натиҷаи бархӯрди сарбозони Канада бо силоҳбадастон панҷ сарбози ин кишвар ҷароҳат бардошта, шаш ҷангҷӯй ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG