Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Афғонистон маршал Фаҳимро ба худ наздик мекунад


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай маршал Муҳаммад Қасими Фаҳимро мушовири аршади раисҷумҳур дар умури амниятӣ таъйин кард.
Баъди куштори Аҳмадшоҳ Масъуд Фаҳим сарварии Эътилофи Шимоли Афғонистонро бар дӯш дошт. Дар поёни соли 2001-ум Эътилофи Шимол ба Эътилофи Байналмилалии зидди терроризм ҳамроҳ шуда, дар барканорсозии ҳукумати Толибон ва сари қудрат овардани Ҳомиди Карзай саҳм гирифт.
Фаҳим як муддат вазифаи вазири мудофиа ва ноибпрезиденти Афғонистонро бар ӯҳда дошт. Дар арафаи интихоботи президентии моҳи сентябри соли 2004-ум раисҷумҳури Афғонистонро Фаҳимро аз мансаб сабукдӯш карда буд.
Соли гузашта Ҳомиди Карзай Фаҳимро ба вазифаи вакили мардумӣ ва муовини раиси Мишрони Ҷирга - Маҷлиси Болоии Парламенти Афғонистон пешниҳод карда буд.
Коршиносон таъйини маршал Фаҳим ба вазифаи мушовири амниятии президентро бо вазъи феълии Афғонистон ва зуҳури дубораи Толибон дар ҷануби ин кишвар марбут медонанд.
Коршинос Муҳаммад Ориф Раҳмонӣ мегӯяд, ҳукумати Ҳомиди Карзай муддате дар паи коҳиши нуфузи муҷоҳидини собиқ ва рӯи кор овардани ба истилоҳ "технократҳо" буд.
Вале сиёсатшиноси дигари афғон Ваҳиди Мужда бар ин назар аст, ки бо таъйини маршал Фаҳим ба мансаби мушовири амниятӣ Ҳомиди Карзай мехоҳад эътиборашро дар миёни собиқ пайравони Эътилофи Шимол тақвият бахшад. Ин коршинос меафзояд, ки аввалан назари собиқ пайравони Эътилофи Шимол дар мавриди маршал Фаҳим тағйир ёфтааст ва сониян, ин эътилоф ҳам дигар он Иттиҳоди мустақкаме нест, ки дар замони Аҳмадшоҳ Масъуд буд.
Аммо баъзе коршисонони дигар бозгашти маршал Фаҳимро бо мухолифатҳои миёни Афғонистону Покистон иртибот медиҳанд.
XS
SM
MD
LG