Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози хушунатомез дар Кобул


Назар ба гузоришҳои расида имрӯз дар Кобул сарбозони амрикоиву афғон сӯи эътирозгарон оташ кушода, ҳадди ақалл як нафарро ба ҳалокат расониданд.
Ин ҳодиса дар паи як тасодуми корвони мошинҳои низомии ИМА ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷаи он се кас ҳалок шуданд. Тасодум боиси ҷамъомади эътирозӣ дар Кобул шуд.
Низомиёни ИМА тасдиқ карданд, ки дар Кобул тасодуми корвони низомии ИМА ҷой дошт, вале онҳо афзуданд, ки дар бораи тирпарронии сарбозон иттилое надоранд.
Вазорати умури дохилии Афғонистон изҳор намуд, ки тасодуми корвони нерӯҳои эътилоф боиси тазоҳуроти эътирозӣ гардид. Ҳамин манбаъ илова кард, ки дар ҷараёни тазоҳурот хушунат ба қайд гирифта шуд.
Вазорати умури дохилии Афғонистон дар бораи талафот чизе нагуфтааст.
Қонунгузорони афғон даъват кардаанд, ки оромӣ риоя шавад.
XS
SM
MD
LG