Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунгузорони кишварҳои Созмони Шонҳой дар Маскав ҷамъ мешаванд


Дар Маскав, пойтахти Русия дидори нахустини раисони порлумонҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш, ки субҳи 30 май баргузор мешавад, ҳайъати порлумонӣ зери сарварии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ намояндагӣ мекунад. Қарор аст, дар ин нишаст қонунгузориҳои ин кишварҳо баррасӣ бишавад, то дар роҳи ҳамкорӣ, ба вижа дар самти тиҷорат ва соҳибкорӣ миёни ин кишварҳо монеае набошад. Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш, ҳамчунин дидорҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамтоёнаш аз Русия ва Чин, Сергей Миронов ва У Банго дар назар аст.
XS
SM
MD
LG