Пайвандҳои дастрасӣ

Филми баранда дар ҷашнвораи Канн


Кен Лоч-филмсози бритонёӣ барои коргардонии филми "Бод дар мазраъаи ҷав" барандаи ҷоизаи "Нахли Тилоӣ", яъне бузургтарин ҷоизаи ҷашнвораии байналмилалии синамоии Кан шинохта шуд. Ин филм, ки дар бораи муборизаи истиқлолхоҳонаи мардуми Ирлонд дар солҳои 1920-ум ҳикоят мекунад, бар 19 филми дигар пируз омад. Ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи мард ба бозигарони араб ва фаронсавии филми "Рузҳои ифтихор" дода шуд. Ин филмро Рашид Бушареб-коргардони фаронсавии алҷиритабор коргардонӣ кардааст. Бозигарони зан ба таври дастаҷамъӣ дар филми "Бозгашт" аз сохтаҳои Пенелопе Круз барандаи беҳтарин нақши зан дониста шуданд. Дар ин филм зиндагии се насли занон нишон дода мешавад.
XS
SM
MD
LG