Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи иди марзбонони Тоҷикистон


Марзбонони Тоҷикистон рӯзи 28-уми май иди касбии худро ҷашн гирифтанд ва ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов як маҳфили идона баргузор шуд. Дар он мақомоти расмӣ ва ҳамчунин афсарону сарбозони риштаи марзбонии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ба иттилоъи Дафтари матбуъоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ҳузур ва суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар ин нишаст меҳвари аслии ҳамоишро ташкил додааст. Ин манбаъ афзуд, Раҳмонов фаъолияти Кумитаи марзбониро дар ҳифзи сарҳадот ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир назаррас хонд. Барои ин дастовардҳо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба 100 нафар аз афсарону сарбозони Кумитаи марзбонӣ унвону ҷоизаҳо тақдим доштааст.
Нирӯҳои марзбони Тоҷикистон 9 сол пеш таъсис ёфта, бо хуруҷи марзбонони Русия дар соли гузашта дидбонии пурраи марзҳоро бар дӯш гирифтанд. Аммо дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз нирӯи кофии марзбонони худ дар ҳифзи марзҳо сухан мегӯянд, мақомоти давлативу низомии Русия борҳо эълом доштаанд, ки бо рафтани русҳо аз марзи Тоҷикистону Афғонистон қочоқи маводи мухаддир афзоиш ёфтааст. Баррасии масъала дар мулоқоти ахири президентҳои Русия ва Тоҷикистон дар Сочи ва ваъдаи Русия ба таҳкими нирӯҳои марзбони Тоҷикистон далели ғайримустақими чунин эъломияҳо унвон шудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG