Пайвандҳои дастрасӣ

Ояндаи нирӯҳои ҳавоии Русия дар Тоҷикистон


Влодимир Михойлов, сарфармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Русия гуфт, кишвараш ҳузури ҳарбии худро дар пойгоҳҳои ҳавоии он дар Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш нахоҳад дод. Вай гуфт, бо вуҷуди фармони густариши пойгоҳҳои Кант ва Душанбе, ҳам аз лиҳози нирӯи инсонӣ ва ҳам техникаву таҷҳизот, бе таҳияи зербинои муносиб ва шароитҳои хуби зист, чунин густариш ба амал нахоҳад омад. Вай афзуд, сатҳи феълии ҳузури ҳарбӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба пуррагӣ аз манфиатҳои сиёсии Русияро дар минтақа дифоъ карда метавонад. Ва дар ҳолати фавқулодда ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз пойгоҳҳои наздик ба минтақа дар кӯтоҳтарин фурсат ба Тоҷикистон ва Қирғизистон интиқол дода хоҳанд шуд. Михойлуф гуфт, пеш аз интиқоли нирӯҳои иловагӣ ба ин ду пойгоҳ Вазорати дифоъи Русия мехоҳад, барои хидмати хуби низомиёнаш дар ин кишварҳои дур аз Русия манзилҳои зист, мактабу кӯдакистон, тамрингоҳ ва шифхонаҳо бунёд кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG