Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ИЖТ ба истеъфо рафт


Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Мирзоҳаёт Давлатов ба истеъфо рафт. Ахиран раёсати созмони мазкур аризаи истеъфои Мирзоҳаёт Давлатовро, ки беш аз даҳ соли ахир дар ин вазифа буд,пазируфт. Аз ин ба баъд Мирзоҳаёт Давлатов ҳамчун мушовири Иттиҳоди журналистон фаъолият мебарад ва муовини аввали ӯ раиси феълии нашриёти давлатии «Шарқи озод» -Тоҷикистон Манзур Додохонов иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди Журналистони Тоҷикистон таъин шудааст. Шералӣ Яҳёев, узви раёсати Иттиҳоди журналистон дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, Манзур Додохонов то даъвати Анҷумани навбатии ин созмон, ки қарор аст дар моҳи июни соли равон баргузор гардад, раҳбарии Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистонро ба ӯҳда хоҳад дошт. Истеъфои Мирзоҳаёт Давлатов дар ҳоле сурат гирифт, ки вазорати адлияи кишвар фаъолияти ин созмонро барои се моҳ қатъ кард. Давлат Сулаймонов, масъули идораи сабти номи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии вазорати адлия гуфт, фаъолияти Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон хилофи банди 21-и қонун дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва банди 56-и Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи Cулаймонов аз боздоштани фаъолияти иттиҳоди мазкур қариб ду моҳ гузаштааст ва раёсати Иттиҳоди рӯзноманигорон бояд ба зудтарин фурсат коргузории худро ба қонунҳои кишвар мутобиқ кунад, дар сурати ғайр он тамоман барҳам дода мешавад.
Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1959 ба фаъолият шурӯъ кардааст ва узви Кунгураи байналмилалии хабарнигорон аст. Дар ҳоли ҳозир беш аз якуним ҳазор рӯзноманигори Тоҷикистон узвияти ин иттиҳодро доранд. Аз моҳи апрели соли равон бо як қарори вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти Иттиҳоди рӯзноманигорон барои се моҳ боздошта шуд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG