Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Осиёи Марказӣ ба густариши бемории сил


Рӯзи душабеи 29 май пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мизбони як ҳамоиши байналмилалӣ доир ба пешгирӣ аз бемории сил мегардад. Ин ҳамоиш бо ибтикори вазорати беҳдошти Тоҷикистон ва пуштибонии молии давлати Олмон баргузор мегардад ва дар он масоили умдаи мубориза бо бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дафтари матбуъоти Вазорати беҳдошти Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар кори ҳамоиши мазкур коршиносони ботаҷрубаи тиббии кишварҳои мухталиф ширкат меварзанд ва дар заминаи мубориза бо бемории сил ва ҳамчунин роҳҳои муассири ҷилавгирӣ аз он табодули афкор менамоянд. Ҳамоиши байналмилалии Душанбе доир ба назорат ва пешгирӣ аз маризии сил ду рӯз идома меёбад. Қарор аст бар асоси натоиҷи кори ҳамоиши мазкур роҳкорҳои муассир ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳои мақомоти марбутаи кишварҳои Осиёи марказӣ барои муқобила бо бемории сил таҳия ва иттихоз шавад.
То замони побарҷой будани собиқ Шуравӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ, ба хусус дар Тоҷикистон мавориди гирифторӣ ба ин беморӣ хеле кам ба мушоҳида мерасид. Ба гуфтаи мутахассисон тайи 10 то 15 соли охир мизони гирифторӣ ба ин беморӣ дар Тоҷикистон афзоиши нигаронкунанда касб намудааст. Тибқи омори табибони Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз 10 нафар ҳар дуввумин сокини ин кишвар дар шаклҳои мухталиф гирифтор ба бемории сил мебошад. Ба вижа аз ин лиҳоз вазъи навоҳии минтақаи Кулоби ин кишвар бисёр нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Бино ба иттилоъи Маркази мубориза бо бемории сили вилояти Хатлон феълан дар навоҳии Кулоби ин минтақа беш аз 2100 нафар чун афроди гирифтор ба бемории сил сабти ном шудаанд. Аммо омори ғайри расмӣ теъдоди ин гуна афродро ба маротиб бештар тахмин мезанад.
XS
SM
MD
LG