Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамоку: Ғамгусор ё қотил?


Ҷавононро аз носу сигор бояд ҷамъият ва давлат ҳифз намояд. Чӣ гуна? Монанди дигар давлатҳои Аврупо барои кашидани носу сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва умуман дар кӯча бояд ҷаримаи муайян ҷорӣ намуд. Роҳи ягонаи халосиро маҳз дар ҳамин мебинам, вале набояд фаромӯш кард, ки носу сигоркашӣ аз даврони қадим, яъне аз бобоҳою бобокалонҳо то ба имрӯз, ба мо, чун "мерос" омадааст.
Илҳомҷон Ҳамидов
-------------------------------------

Дуруд нисори ҳаммеҳан.
Ҳар падидаи иҷтимоиро мункир набояд шуд, балки нахуст онро ба унвони воқеъияте, ки вуҷуд дорад, пазируфт. Ҷудоӣ аз он ки бад аст, ё хуб пас аз он онро шиносоӣ намуд ва огаҳ аз он шуд, ки чӣ омиле баҳонаи ба вуҷуд омадани ин падида гаштааст, оё мумкин аст онро шинохт?
Пас нахуст шинохт муҳим аст. Шинохти дард нисф аз дармон аст, бинобар ин агар сигор ва ё маводи мухаддирро агар падидаи шуме бишуморем, нахустин роҳкори мо барои ин хоҳад буд, ки бишносем, ки ҳар чиз нахуст дар ҷомеа падид меояд, бо гузашти замон ниёз қаламдод мегардад. Инро ба унвони як шахси воқеънигар бояд бипазирем, ки агар ниёзи мардумро онгунае, ки бояд аз роҳи дурусташ бароварда насозем, мардум ҳатман дунболи баровардани ниёзҳояшон хоҳанд гашт ва ингунае, ки мебинед ба ин гуна падидаҳо рӯ хоҳанд овард.
Пас эй бардорад ва хоҳаре, ки инқадар огаҳӣ ва барои онон ки сигору мавод истифода мебаранд, насиҳату роҳнамоӣ мекунӣ, каме ист, биандеш, ки оё он роҳе, ки ту пешниҳод медиҳӣ, чӣ қадр суд дорад, пажӯҳиш нишон дода, ононе, ки монанди шумо инсонҳои дилсӯз, вале намедонанд, ки дилсӯзӣ ҳам агар дуруст бошад, дилсӯзист, вагарна як балоест болои ҳамаи балоҳо рафтаанд ва баргу шох часпидаанд, ҳоло ин ки дарахт аз реша мушкил дорад, бо ин ҳама маънӣ гуфтаниям, мо бояд ниёзҳои мардумро бароварда кунем, ё барои дуруст бароварда шудани ниёзҳои мардум кӯмак намоем ва ин кор маблағ намехоҳад, фақат шинохте аз инсон ва дунёи ӯ мехоҳад, ки ба ҷуз инсоншинос на пул, на насиҳату роҳнамоиятон дардеро даво нахоҳанд сохт.
Муродам ин аст, ки мо бояд пеш аз ҳама огоҳ бошем, бо мавҷуде сарукор дорем, ки бо дигар мавҷудот хеле фарқ дорад, ки номаш инсон аст, пас аввал ба инсон ҳамчун инсон нигаристон ва ҳамаҷониба ӯро баррасӣ намудан ва роҳи чораи илмӣ металабад, на ин ба назарамҳояи бепояву далели пажӯҳишношуда.
Охир мо дар бурҳае аз замоне зиндагӣ мекунем, ки пажӯҳишҳои равоншиносӣ ва инсоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ва ..... бешуморе сурат гирифтааст ва мо ба гуфтаи бузургонамон "об дар кафу мо ташналабон мегардем" ба инсонҳои обутоб дида ва мутахассиси илму огаҳии рӯз ниёзмандем, ки ин обро бар замини хушкидаи андешаҳои мардум бирезанд, то сарсабзии саодат боз дубора эҷод шавад. Ҳол мо ҳатто ба фикри ин нестем, ки ингуна инсонҳоро тарбият ва сармоягузорӣ намоем ва ё ҳадди аққал ононе, ки дорем, барояшон арзише қоил бошем.
Бо меҳр ба Меҳан ва ҳаммеҳан Азиз
--------------------------------------

Носу тамоку, лаънат ба ҳар ду.
Вале... Чӣ форам аст, баъди машғулияти дуру дарози пушти миз, ба сомон расондани як боби китоб ва ё тарҷумаи охирин ҷумлаи матн тавассути даричаи пушт ба боғи хона баромада, сигоре рӯшан намуду қаҳвае нӯшид. Баҳ баҳ.
Соҳибназар
-------------------------------------

Дуруд!
Ба фикри ман, ҷавононро намешавад аз майли сигору нос ҳифз кард, чун ҳифзи истифода накардани сигор ва нос дар ҷавонӣ нест, яъне сахт аст, яъне дер шудааст.
Агар хоҳем, ки ҷавонони мо сигор ва нос истифода накунанд, бояд аз хурдсолӣ тарбият кард. Падари ман, масалан, на сигор истифода мекунад ва на нос ва аз хурдсолиям ба ман гуфта, ки писарам, ин чизҳо хуб нест ва барои ман мисолҳои рӯшану боварбахш меовард. Агар дуруст нигоҳ кунед, онҳое гирифтори тамоку мешаванд, ки падаронашон ин одатро доранд. Афроди дигар аз кӯча ёд мегиранд ва ин ҷо ҳам волидайн натавонистаанд, онҳоро бо забони фаҳмо ва эътиқодбахш фаҳмонанд, ки ин чизҳо зарар аст. Мағзи инсон як нуқтаи дигар дорад, ки нохудогоҳ ё таҳтушшуур номида мешавад. Вақте кӯдак аз тариқи фаҳмондани пайваста бо таҳтушшуураш дарк кард, ин нуқта фаъол мегардад ва ҳамеша ӯро аз одатҳои бад эмин медорад ва чун ҷавони солим ба воя мерасад.
Дигар ин ки омӯзгорон дар мактаб метавонанд, аз ин майли наврасон пешгирӣ кунанд, яън мо бояд наврасонро дар муҳит ва шароите ба воя расонем, ки дур аз ин чизҳо бошанд.
Толиб Мирзоев
---------------------------------------

Пешҳо дар макотиб назорат сахт буд, ки наврасон ба ин балоҳо гирифтор нашаванд, ҳоло ин хел нест ва баъзан худи омӯзгорон ибрати бад нишон медиҳанд. Аз носу папирос то нашъа, ба фикри ман як қадам ҳам камтар роҳ аст. Бояд тамоми ҷамъият ба фикри ҳифзи саломатии наврасону ҷавонон бошад.
Бо дуруди фаровон
Нигора
---------------------------------------
Тамоку ва нос кашидан як балоест, ки тақрибан ҷумла бародарони моро, балки хоҳарону модаронамонро фаро гирифтааст, валекин мӯътақидам, ки пешгирӣ аз ин баро душвор нест. Барои тарк кардан фақат як чиз лозим аст, ки ин эътиқод ва виждони имонист, ки инсон вақте фикр мекунад, ки дар ҳақиқат инҳо зарари холисанд, чи аз ҷиҳати саломатӣ ва чи аз ҷиҳати молӣ, яъне ҳам исроф асту ҳам ҳалокати нафс, дар ҳақиқат агар виждону имон дошта бошад, инро барои ҷону моли худ тарк хоҳад кард. Касоне ки мегӯянд, ин кор душвор аст, фикр мекунам хато, хато ва хатост, зеро агар инсон худ ҷидду ҷаҳд кунад барояш чизе душвор нахоҳад буд.
Ташаккури зиёд.
Аминҷон
---------------------------------------

Ба фикри банда, агар тамоку ғамгусор шумурда шавад, ҳоло бояд тамоми мардуми Тоҷикистон чи зан ва чи мард носкашу сигоркаш шаванд. Ман ин ду одат ва ҳам истеъмоли маводи мухаддирро чизҳое медонам, ки бар сари мардуми мо таҳмил шудаанд. Таърихан ҳеч кадоме аз онҳо дар байни мардуми мо решаҳои миллӣ надоранд. Агар мо миллати худро дӯст дорем, бояд аз ҳамаи инҳо даст кашем ва парҳез кунем.
Бо эҳтироми бузург
Мӯҳсини Ҷаббориён
----------------------------------------

Азизон салом!
Тамоку, аслан чӣ навъе ки бошад, барои инсон зараровар аст. Гумонам агар ғаме дошта бошӣ, тамоку онро ташдид ва роҳи туро ба сӯи аҷал боз кутоҳтар хоҳад кард. Аллоху аълам. Гарчанде, ки ҳадисе аз Расули акрам (с) бевосита доир ба манъӣ истифода аз ин анвои тамоку вуҷуд надорад, вале дар ҳадиси дигарашон гуфтаанд, "Ҳар чизе, ки ба нафси инсон зиёновар бошад, ҳаром аст". Пеш аз ҳама мо худ бояд амиқан дарк кунем, ки тамоку мушкили моро осон нахоҳад кард. Дуввум ин ки мо бояд пайваста ба варзиш машғул шавем. Ва аввалу охир саҷда ба Худост.
Боз Умед.... аз Маскав.
XS
SM
MD
LG